Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон мулоқот кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон мулоқот кардааст. Дар ин бора Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.  Муҳаммад Боқирӣ ду рӯз аст, ки дар Тоҷикистон қарор дорад ва диду боздидҳое бо мақомҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ ва Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон […]

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Муҳаммад Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон мулоқот кардааст. Дар ин бора Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад. 

Муҳаммад Боқирӣ ду рӯз аст, ки дар Тоҷикистон қарор дорад ва диду боздидҳое бо мақомҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ ва Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон доштааст. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, дар мулоқот "доираи васеи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Эрон, бахусус дар соҳаҳои амниятӣ ва низомии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд".

"Ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд",- омадааст дар хабарномаи сати раисҷумҳур.

Имрӯз бино ба иттилои расонаҳои эронӣ дар Тоҷикистон бо ҳузури Муҳаммад Боқирӣ ва Шералӣ Мирзо корхонаи истеҳсоли паҳпод ё тайёраҳои бесарнишини эронии Абобил II ифтитоҳ шуд. Ин корхона бо пуштибонии Ҷумҳурии исломии Эрон ба кор оғоз кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.