Мулоқоти вазирони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбари Агентии рушди байналмилалии Амрико дар Самарқанд

Asia-Plus

Имрӯз, 24-уми октябр, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико оид ба ҳамгироии минтақавӣ (С5+1) баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин нишаст аз Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар иштирок дошт. Ҳамчунин, дар ин мулоқот, Лазиз Кудратов, вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон, Арман Шаккалиев, вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон, Чингиз Макешов, муовини вазири иқтисод ва тиҷорати Қирғизистон, Керимбердӣ Курбанов, муовини вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон ва Саманта Пауэр, роҳбари Агентии рушди байналмилалии ИМА иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни ҷаласа, ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои рушди  иқтисоди рақамӣ ва “иқтисодӣ сабз”, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва дастгирии шуғли занон, ҷавонон ва шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд, таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа табодули афкор намуданд.

“Ҳамгироии дохилиминтақавӣ ва глобалӣ”, пешбурди пайвастшавии энергетикӣ ва мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим тариқи рушди истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза аз мавзӯҳои дигаре буд, ки дар ин мулоқот баррасӣ шуданд.

Дар поёни ҷаласа, роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ оид ба рақамикунонии расмиётҳои гумрукӣ дар Осиёи Марказӣ ба имзо расониданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...