Даргузашти муаррихи шинохтаи тоҷик Усмонҷон Ғаффоров

Имрӯз профессор Усмонҷон Ғаффоров, яке аз муаррихони маъруфи тоҷик, дар 78-солагӣ  дар шаҳри Хуҷанд аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Усмонҷон Ғаффоров бар асари беморие, ки дошт, наздики соати 12-и зуҳр аз дунё даргузашт. “Чанд вақти охир нотоб шуда буданд, табобат доштанд. Қариб соати […]

Asia-Plus

Имрӯз профессор Усмонҷон Ғаффоров, яке аз муаррихони маъруфи тоҷик, дар 78-солагӣ  дар шаҳри Хуҷанд аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Усмонҷон Ғаффоров бар асари беморие, ки дошт, наздики соати 12-и зуҳр аз дунё даргузашт.

“Чанд вақти охир нотоб шуда буданд, табобат доштанд. Қариб соати 12:00 имрӯз вафот карданд”, – гуфт яке аз пайвандонаш.

Ҷанозаи Усмонҷон Ғаффоров соати 16:00 дақиқаи имрӯз дар кӯчаи Ҳасанови маҳаллаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор мешавад.

Даргузашти Ғаффоровро ҳамовардонаш талафоти бузург дар илму фарҳанги тоҷик арзёбӣ мекунанд.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” аз даргузашти Усмонҷон Ғаффоров андӯҳгин буда, аз даргоҳи илоҳӣ ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.