Дарозтарини нақби мошингарди ИДМ. 11 сол пеш “Шаҳристон” ифтитоҳ шуд

Рӯзи 27 октябри соли 2012 маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани нақби автомобилгарди “Шаҳристон” байни Душанбе ва Хуҷанд баргузор шуд. Нақб дар 160-473-ум километри роҳи мошингарди “Душанбе – Хуҷанд – Чанок” дар сарҳади байни ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғд қарор дорад. Масофаи он 5253 метрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмони нақб 22 августи соли 2006 […]

Asia-Plus

Рӯзи 27 октябри соли 2012 маросими расмии мавриди истифода қарор гирифтани нақби автомобилгарди “Шаҳристон” байни Душанбе ва Хуҷанд баргузор шуд.

Нақб дар 160-473-ум километри роҳи мошингарди “Душанбе – Хуҷанд – Чанок” дар сарҳади байни ноҳияҳои Айнӣ ва Шаҳристони вилояти Суғд қарор дорад. Масофаи он 5253 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмони нақб 22 августи соли 2006 оғоз гардида, он яке аз таркибҳои лоиҳаи таъмиру навсозии шоҳроҳи “Душанбе – Хуҷанд” мебошад. Барои сохтмони нақб 100 млн доллар масраф шуд.

Бо ифтитоҳи он равуои нақлиёти заминӣ байни ҷанубу шимоли кишвар муддати тамоми сол ба роҳ монда шуд.

То замони ба истифода додани нақбҳои “Истиқлол” ва “Шаҳристон” равуои автомашинаҳо тариқи ағбаҳои Анзоб (баландиаш 3372 метр) ва Шаҳристон (баландиаш 3378 метр) дар мавсими зимистон қатъ мешуд.

Нақбҳои “Истиқлол” ва “Шаҳристон” вақти роҳ байни Душанбе ва Хуҷандро то 4,5-5 соат кӯтоҳ карда, инчунин алоқа байни маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Шаҳристон ва Айниро дар ин давра осонтар карданд.

Айни замон нақб дарозтарин нақби мошингард дар қаламрави кишварҳои ИДМ маҳсуб меёбад.

Қобили зикр аст, ки ҳамин моҳи соли 2013 дар шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат -Кӯлоб нақби “Чормағзак” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тайи ду даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон ба сурати умум 5 нақб бо масофаи беш аз  18 км ба истифода дода шуд. Барои бунёди онҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 250 млн доллар сарф шуд.

Маълумоти мухтасар дар бораи нақбҳои Тоҷикистон – дар инфографикаи зерини мо:

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио