Маҳфили “Ҳумоюн”. Фарзона ва Озарахш, Шоирони халқии Тоҷикистон, ба номи писари худ маҳфил таъсис доданд

Имрӯз, 27-уми октябр, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аввалин маҳфили адабии “Ҳумоюн” баргузор шуд, ки онро Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш таъсис додаанд. Маҳфил ба номи писари ғӯрамарги шоирон гузошта шудааст. Гардонандаи аввалини маҳфил Озарахш, ки пас аз марги фарзандаш Ҳумоюн барои як муддат аз иштирок дар ҳамоишу ҷаласот канорагирӣ мекард, зимни суханронии худ […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Имрӯз, 27-уми октябр, дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аввалин маҳфили адабии “Ҳумоюн” баргузор шуд, ки онро Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш таъсис додаанд. Маҳфил ба номи писари ғӯрамарги шоирон гузошта шудааст.

Гардонандаи аввалини маҳфил Озарахш, ки пас аз марги фарзандаш Ҳумоюн барои як муддат аз иштирок дар ҳамоишу ҷаласот канорагирӣ мекард, зимни суханронии худ гуфт, маҳфили адабии мазкур барои гиромидошти писараш таъсис ёфтааст.

“Ташкили маҳфил дар назди маҷаллаи “Паёми Суғд” орзуи ман буд. Ин маҳфил бо ҳадафи бузургдошти адабиёт, фарҳанг ва одамият ташкил шуда, аз ду бахш – Рӯдакихонӣ ва Навқалам иборат аст. Он барои пайдо ва муаррифӣ кардани шоирони ҷавон майдони муносиб хоҳад буд”, – гуфт Озарахш.

Ӯ таъкид кард, ки маҳфили “Ҳумоюн” минбаъд мунтазам фаъолият карда, барои шоирону дӯстдорони шеър аз ҷумла озмунҳо баргузор мекунад ва ба ғолибон мукофотҳо тақдим карда мешавад. Қисмати якуми маҳфил 24-уми март ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ мешаванд.

Бояд гуфт, дар маҳфили аввалини “Ҳумоюн” шоирону дӯстдорони шеър ва рӯзноманигорон  аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷамъ омада буданд.

Адибаи Хуҷандӣ, шоири тоҷик гуфт, ки ҳанӯз соли 1988 Фарзона, модари шодравон Ҳумоюн маҳфилеро бо номи “Шабнам” ташкил карда буд ва он дӯстдорони шеърро аз ҳар гӯшаи кишвар ҷамъ мекард.

“Бовар дорам, маҳфили наве, ки бо номи Ҳумоюни азиз ташкил гардид, низ мисли маҳфилҳои пешин муваффақу дӯстдоштанӣ хоҳад буд”, – зикр кард Адибаи Хуҷандӣ.

Ёдовар мешавем, ки Ҳумоюн, писари ягонаи шоирони халқӣ – Озарахш ва Фарзона 13-уми апрели соли ҷорӣ дар синни 21-солагӣ дар дарёи Сир ғарқ шуда, фавтид. Ӯ донишҷӯи шӯъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.