Гузоришгари СММ бори дигар аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки рӯзноманигорони зиндониро озод кунад

Як намояндаи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки се рӯзноманигори тоҷик – Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Улфатхоним Мамадшоеваро аз зиндон озод намояд. Мэри Лолор, гузоришгари вижаи СММ вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар мулоқот бо Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ рӯзи 24-уми октябр дар Ню Йорк ин масъаларо […]

Як намояндаи Созмони Милали Муттаҳид бори дигар аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки се рӯзноманигори тоҷик – Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Улфатхоним Мамадшоеваро аз зиндон озод намояд.

Мэри Лолор, гузоришгари вижаи СММ вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар мулоқот бо Ҷонибек Ҳикмат, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ рӯзи 24-уми октябр дар Ню Йорк ин масъаларо матраҳ кардааст.

Мери Лолор дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) навишт, ки “дар мулоқот бо намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бори дигар масъалаи озод кардани ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз зиндонҳои Тоҷикистон, аз ҷумла озодии журналистони зиндонӣ Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Улфатхоним Мамадшоеваро дар миён гузоштам”.

Қаблан ҳам Мэри Лолор дар мавриди боздошту ба солҳои тӯлонӣ зиндонӣ намудани рӯзноманигорон изҳорот нашр карда, аз ҳукумати Тоҷикистон талаб карда буд, ки онҳоро бечунучаро озод намояд.

Аз ҷумла, ӯ натиҷаи сафараш дар моҳи декабри соли 2022 дар Тоҷикистонро нашр кард ва дар он ҳабси 9 рӯзноманигору блогери тоҷикро шадидан интиқод намуда буд.

Он замон гузоришгари вижаи СММ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карда буд, ки “далели воқеӣ ва заминаҳои ҳуқуқии боздошт, иттиҳом, ҳабс ва ҳукми содиршудаи ҳар яки ин ҳомиёни ҳуқуқро” ошкор кунад.

Дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳам дар ин робита борҳо изҳорот нашр карда, хостори раҳоии рӯзноманигорони маҳкумгардида шуда буданд. Аз ҷумла, Созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) Тоҷикистонро барои сензураи доимӣ интиқод карда, хостори раҳоии хабарнигорони маҳкумшуда дар соли 2022 шуда буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.