“Далели воқеии боздошту ҳасбро ошкор кунед”. Гузоришгари СММ аз ҳабси рӯзноманигору блогерони тоҷик шадидан интиқод кард

Мэри Лолор, гузоришгари вижаи СММ вобаста ба вазъи ҳуқуқи инсон натиҷаи сафараш дар моҳи декабри соли 2022 дар Тоҷикистонро нашр кард ва дар он ҳабси 9 рӯзноманигору блогери тоҷикро шадидан интиқод намуд. Дар гузориши нашршуда қазияҳои боздошт ва ҳукмҳои сангини Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Абдулмаҷид Ризоев, Улфатхоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров, Фаромуз […]

Мэри Лолор, гузоришгари вижаи СММ вобаста ба вазъи ҳуқуқи инсон натиҷаи сафараш дар моҳи декабри соли 2022 дар Тоҷикистонро нашр кард ва дар он ҳабси 9 рӯзноманигору блогери тоҷикро шадидан интиқод намуд.

Дар гузориши нашршуда қазияҳои боздошт ва ҳукмҳои сангини Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Абдулмаҷид Ризоев, Улфатхоним Мамадшоева, Манучеҳр Холиқназаров, Фаромуз Иргашев ва Хушрӯз Ҷумъаев мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст.

Гузоришгари вижаи СММ дар таҳқиқи парвандаҳои ҷиноии нафарони номбурда як силсила “ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон, қонунҳои Тоҷикистон ва муқаррароти байналмилалӣ”-ро ошкор кардааст.

Инчунин, дар боздоштгоҳ ва пеш аз ҳукми суд шиканҷа шудани рӯзноманигоронро шадидан маҳкум карда, онро “саркӯбии озодии баён ва хомӯш кардани садои мунаққидон дар Тоҷикистон” номидааст.

“Мо аз боздоштҳои худсаронаи ин ҳомиёни ҳуқуқи башар ва дар чанд маврид кофтукови эҳтимолии хона ва мусодираи дастгоҳҳои электронии онҳо нигарон ҳастем”, – омадааст дар гузориши СММ.

Гузоришгари вижаи СММ аз Ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки “далели воқеӣ ва заминаҳои ҳуқуқии боздошт, иттиҳом, ҳабс ва ҳукми содиршудаи ҳар яки ин ҳомиёни ҳуқуқро” ошкор кунад.

Дар ин баробар, дар гузориш аз ҳукумати кишвар хостаанд, ки дар мавриди вазъи саломатии Далери Имомалӣ, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ба гузоришгарони СММ иттилоъ диҳанд ва инчунин хостааст, то шиканҷа шудани онҳо таҳқиқ карда шавад.

Муаллифони гузориш ба ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дар парвандаҳои зикршуда поймол ва ё нодида гирифта шудаанд.

Гуфтан зарур аст, ки дар як соли гузашта ин рӯзноманигорону блогерони тоҷик аз 7 то 10 соли зиндон маҳкум шуданд. Аксари рӯзноманигорони маҳкумшуда иттиҳоми алайҳашон эълоншударо эътироф накарданд.

Чанде аз онҳо ҳатто аз боздоштгоҳ ва зиндон мактуб навишта, зери шиканҷа эътироф кардани иттиҳомро ошкор намуданд. Аз ҷумла, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар ин хусус аввалин шуда ба расонаҳо нома навишт. Аммо баъдан Додгоҳи олӣ гуфт, шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода тасдиқ нашуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳомиёни ҳуқуқи башар ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамвора боздошт ва равонаи зиндон кардани рӯзноманингоронро маҳкум карда, аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо менамоянд, ки онҳоро ҳарчи зудтар озод кунад. Ҳукумати Тоҷикистон дар аксари ҳолат тақозои созмонҳои байналмилалиро сарфи назар карда, тасмими худро дуруст меҳисобад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.