“Фазои тарсро рафъ кунед”. Аз Тоҷикистон хостанд рӯзноманигорони маҳкумшударо раҳо кунанд

Созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) Тоҷикистонро барои сензураи доимӣ интиқод карда, хостори раҳоии хабарнигорони маҳкумшуда дар соли 2022 шудааст, хабар медиҳад centralasian.org. Дар Тоҷикистон давоми соли гузашта чаҳор рӯзноманигор ва блогнавис ба мӯҳлатҳои мухталиф аз 7 то 10 соли зиндон маҳкум шудаанд. Онҳо, аз ҷумла, ба паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ширкат дар ҷомеаи ифротӣ […]

Asia-Plus

Созмони байналмилалии Гузоришгарони Бидуни Марз (RSF) Тоҷикистонро барои сензураи доимӣ интиқод карда, хостори раҳоии хабарнигорони маҳкумшуда дар соли 2022 шудааст, хабар медиҳад centralasian.org.

Дар Тоҷикистон давоми соли гузашта чаҳор рӯзноманигор ва блогнавис ба мӯҳлатҳои мухталиф аз 7 то 10 соли зиндон маҳкум шудаанд. Онҳо, аз ҷумла, ба паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, ширкат дар ҷомеаи ифротӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнӯъ муттаҳам шуданд. Худи рӯзноманигорон ва наздиконашон ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар гузориши худ зикр мекунад, ки рӯзноманигорон ва блогернависони маҳкумшуда дар мавзӯъҳои доғи рӯз мавод навиштаанд ва ё навор таҳия намудаанд, ки он ба мақомоти маҳаллӣ писанд наомадааст.

“Ин ҳукмҳои сангин аз оғози моҳи октябр пайиҳам эълон шуда, барои рӯзноманигорони мустақил дар Тоҷикистон, ки ҳанӯз ҷуръати баёни андешаи худро доранд, таҳдид ба шумор меравад”, – омадааст дар эъломияи Гузоришгарони Бидуни Марз.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ба созмони “Гузоришгарони Бидуни Марз” гуфтааст, “мақомот мехоҳанд афкори ҷомеаро дар Тоҷикистон зери назорат бигиранд”.

“Ин дар ниҳоят метавонад ба обрӯи кишвар зарари ҷиддӣ расонад”, таъкид намудааст роҳбари НАНСМИТ.

Ҳадди ақал се хабарнигори маҳкумшуда дар номаҳои худ аз боздоштгоҳи муваққатӣ иброз доштаанд, ки онҳоро таҳти фишори равонӣ ва ҷисмонӣ маҷбур ба эътирофи гуноҳ кардаанд.

Дар ин гузориш созмони Гузоришгарони Бидуни Марз аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунад, ки фазои тарс дар кишварро рафъ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар як соли охир 4 рӯзноманигори тоҷик боздошт ва ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.

Нахуст, Далери Имомалӣ, ки вақтҳои охир барои “Ютуб-канал”-аш дар мавзӯъҳои ҳасоси иҷтимоӣ барномаҳо нашр мекард, рӯзи 15-уми июни соли ҷорӣ дар роҳ ба ба сӯи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар ноҳияи Айнӣ, боздошт ва ба Душанбе интиқол ёфт.

Ӯ ба соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259 қисми 2), дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ (моддаи 346 қисми 2) ва иштирок дар иттиҳоди экстримистӣ (моддаи 307 қисми 2 банди 3)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гумонбар ва 10 сол равонаи зиндон ва 12 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Дар пайи боздошти Далери Имомалӣ, ҳамкасб ва ҳамкори ӯ Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам боздошт ва бар зиддаш бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз гардид. Ӯ бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур 7,5 сол равонаи зиндон шуд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гумонбар мешавад, вале худаш дар суд ҳамкоришаро бо ин ҳизбу ҳаркатҳо қотеъона рад кардааст.

Завқибек Саидаминӣ, яке аз рӯзноманигорони дигари тоҷик низ моҳи июли имсол боздошт ва бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ 7 сол равонаи зиндон шуд.

Ӯ барои ҳамкорӣ бо ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом ва “Гурӯҳи 24” (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон) гумонбар шуд.

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода низ тобистони соли ҷорӣ боздошт гардид ва ба ифротгароӣ (моддаи 307, замимаи 3, қисми 2) муттаҳам ва ба 7 сол равонаи зиндон гардид.

Аксари рӯзноманигорони боздоштгардида пушти дарҳои баста ва дар бинои боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) муҳокима шуданд.

Бояд таъкид кард, ки ба истиснои Абдуллоҳ Ғурбатӣ, се рӯзноманигнори дигар аз дохили СИЗО нома навишта, бегуноҳии худро тасдиқ карданд ва бархеи онҳо аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хостори бозбинӣ ва зери назорати худ гирифтани парванда шуданд.

Ҳамчунин, Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.