Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Ҳаракати нақлиёт дар кадом роҳҳо маҳдуд мешавад?

Пагоҳ, 14-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар мекунад. Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, ки дар ҷараёни ин сафар якчанд иншоот дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода мешавад. Ҷузъиёти бештари ин сафар ҳоло маълум нест. Дар робита ба ин, […]

Asia-Plus

Пагоҳ, 14-уми ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд сафар мекунад. Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, ки дар ҷараёни ин сафар якчанд иншоот дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истифода дода мешавад. Ҷузъиёти бештари ин сафар ҳоло маълум нест.

Дар робита ба ин, шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ дод, ки аз 14 то 16-уми ноябр, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар бархе аз роҳҳо маҳдуд карда мешавад.

Санаи 14-уми ноябри соли 2023, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои Н.Ҳувайдулоев – Б. Ғафуров – Фотеҳ Ниёзии шаҳри Бӯстон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Б.Ғафуров – кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки  Ғафуров – кӯчаи Рӯзибой Юлдошеви ҷамоати Зарзамин ва кӯчаҳои А. Нозиров – Ҳоҷӣ Кенҷаев – Рӯзибой  Қосимови ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров – кӯчаҳои  И. Сомонӣ – Гагарин-Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Гулистон, ҳудуди ҷамоати Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров ва кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон маҳдуд мешавад.

Санаи 15-уми ноябри соли 2023, дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Б.Ғафуров, кӯчаҳои И. Сомонӣ – Фирдавсӣ – 25- солагии Истиқлолият – Р. Ҳоҷиев – роҳи автомобилгарди Душанбе –Хуҷанд – Чаноқ,  ҳудуди маҳаллаи Сартуқаи ноҳияи Б. Ғафуров – кӯчаҳои Раҳим Ҷалил – Султон Умаров ва Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Гулистон ҳудуди ҷамоати Д. Холматови ноҳияи Б. Ғафуров ва кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон ҳаракати нақлиёт маҳдуд карда мешавад.

Санаи 16-уми ноябри соли 2023, ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи марказии шаҳри Гулистон, роҳи автомобилгарди Хуҷанд – Б.Ғафуров, кӯчаҳои Фотеҳ Ниёзӣ – Б. Ғафуров – Ҳувайдулоеви шаҳри Бӯстон маҳдуд карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, ин ниҳод, аз ҳамаи шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки ҳангоми маҳдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди кӯчаҳои зикргардида, ҳаракати худро тариқи кӯчаҳои ҳамшафат идома диҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.