Варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо се нишони биринҷӣ ба даст оварданд

Дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки аз 10 то 12-уми ноябр дар шаҳри Ирвони Арманистон баргузор гардид, се варзишгари тоҷик сазовори нишони биринҷӣ гардиданд. Тавре Варзиш ТВ хабар медиҳад, дар рӯзи якуми мусобиқа Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кг  аввалин нишони биринҷиро ба даст овард. Ду сол пеш ин варзишгари тоҷик қаҳрамони ҷаҳон оид […]

Asia-Plus

Дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки аз 10 то 12-уми ноябр дар шаҳри Ирвони Арманистон баргузор гардид, се варзишгари тоҷик сазовори нишони биринҷӣ гардиданд.

Тавре Варзиш ТВ хабар медиҳад, дар рӯзи якуми мусобиқа Акмалиддин Каримов дар вазни то 58 кг  аввалин нишони биринҷиро ба даст овард. Ду сол пеш ин варзишгари тоҷик қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо шудав буд.

Аз самбои размӣ бошад, Бобохон Мирзозода дар вазни то 58 кг, дар рӯзи дуюми мусобиқа бо гирифтани медали биринҷӣ муваффақ шуд.

Дар рӯзҳои охирин, Худоёр Раҷабзода дар вазни то 71 кг аз самбои размӣ ба гирифтани нишони биринҷии сеюм муваффақ гардид.

Варзишгарони дигари тоҷик натавонистанд нишон бадаст оранд.

Дар умум дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо се нишони биринҷӣ миёни 65 кишвар мақоми чордаҳумро ишғол намуд.

Ҷойи аввалро Русия соҳиб шуд, ки варзишгаронаш таҳти парчами бетараф қувваозмоӣ намуданд. Мақоми дуюмро тими Ӯзбекистон ва сеюмро дастаи Қазоқистон соҳиб шуданд.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғайр аз нишон, инчунин ҷоизаҳои пулӣ барои ҷойи аввал – 4000 доллари ИМА, ҷойи дуюм – 3000 доллар ИМА ва барои ҷойи сеюм – 2000 доллари ИМА тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро дар маҷмӯъ 9 варзишгар – панҷ нафар дар риштаи самбо ва 4 нафар дар риштаи самбои размӣ муаррифӣ карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.