“Ба Уқёнуси Ҳинд мебароем”. Вазорати нақлиёт тавофуқ бо Эронро барои истифодаи бандари “Чобаҳор” шарҳ дод

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷузъиёти санад дар бораи интиқоли байналмилалии бор ва транзит тавассути бандари “Чобаҳор”-и Эронро, ки дар ҷараёни сафари  Иброҳим Раисӣ, расиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон байни Тоҷикистону Эрон ба имзо расид, шарҳ дод. Ин ёддошти тафоҳумро Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон дар ҳузури президентони ду кишвар рӯзи […]

Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷузъиёти санад дар бораи интиқоли байналмилалии бор ва транзит тавассути бандари “Чобаҳор”-и Эронро, ки дар ҷараёни сафари  Иброҳим Раисӣ, расиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон байни Тоҷикистону Эрон ба имзо расид, шарҳ дод.

Ин ёддошти тафоҳумро Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Амир Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон дар ҳузури президентони ду кишвар рӯзи 8-уми ноябр дар Душанбе ба имзо расониданд.

Ба навиштаи сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, тибқи санад ҷонибҳо барои роҳандозии тадбирҳои зерин ба мувофиқа расиданд:

– соддакунӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёт ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии хатсайрҳои нақлиётӣ тариқи бандари “Чобаҳор” аз ҷиҳати вақт ва хароҷоти транзитӣ, инчунин коҳиши мутақобилаи боҷҳо ва пардохтҳо барои нақлиёти автомобилӣ;

– ҷалби борҳои кишварҳои дигар ба хатсайрҳое, ки бандари “Чобаҳор”- ро убур мекунанд, бо мақсади осон кардани дастрасӣ ба бозорҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тавассути нақлиёти баҳрӣ, роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилӣ;

– ҳамкорӣ оид ба сармоягузории мутақобила дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётӣ дар хатсайрҳое, ки аз бандари “Чобаҳор” мегузаранд;

– таъмини бехатарии мусофиркашонӣ, ҳаракати воситаҳои нақлиёт, нигоҳдории бор ва ҳифзи муҳити зист тибқи меъёрҳои байналмилалӣ.

Ин ниҳод гуфтааст, барои ноил шудан ба ҳадафҳо Кумитаи роҳбарикунанда таъсис медиҳанд, ки аз аъзои расмии дастрас иборат буда,  барои ҳамоҳангсозӣ ва назорати чорабиниҳо оид ба таъмин ва дастгирии тамоми захираҳои институтсионалӣ, инсонӣ ва моддию техникӣ масъул хоҳад буд.

Вазорати нақлиёт аз қавли Эмомалӣ Раҳмон навиштааст, ки “ба роҳ мондани ҳамлу нақли нақлиёти автомобилӣ аз тариқи хатсайри “Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон” бо  истифодаи самаранок аз  иқтидорҳои бандари “Чобаҳор”, мусоидат ба шароити вуруд ва транзити борҳо ба густариши минбаъдаи имконияти ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон мусоидат хоҳад кард”.

“Чобаҳор” бузургтарин бандари воқеъ дар  устони ҷанубу шарқии Эрон Сиистон ва Балуҷистон дар соҳили Халиҷи Уммон мебошад. Аҳамияти стратегии бандар дар он аст, ки он ба уқёнуси Ҳинд дастрасии мустақим дорад. Масоҳати Уқёнуси Ҳинд аз 76 миллион километри мураббаъ бештар аст ва сарҳади он  хати соҳили 4 қитъаро убур мекунад: аз ҷониби ҷануб – Антарктида, сарҳади шарқӣ – соҳили Австралия, сарҳади ғарбӣ – соҳили Африқо ва аз ҷониби шимол – Осиё.

Дар айни замон, дар Осиё 16 давлат ба Уқёнуси Ҳинд дастрасӣ доранд: Ҳиндустон, Бангладеш, Исроил, Яман, Урдун, Эрон, Ироқ, Қатар, Кувайт, Мянма, Малайзия, Умон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Покистон, Таиланд ва Арабистони Саудӣ.

Тоҷикистон имкон дорад, ки ба ин давлатҳо ҳамроҳ шавад, яъне аз тариқи долони байналмилалии мултимодалии “Чин – Тоҷикистон – Ӯзбекистон – Туркманистон – Эрон – Туркия – Аврупо” тавассути бандари “Чабаҳор” ба Уқёнуси Ҳинд барояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.