Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар кард

Имрӯз, 30-юми ноябри соли 2023, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Пезиденти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.   Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Имрӯз, 30-юми ноябри соли 2023, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар кард.

Дар ин бора хадамоти матбуоти Пезиденти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

 

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Конфронсҳои иқлимии СММ ҷаласаҳои солонаи васеъмиқёсе мебошанд, ки ба таҳияи стратегияи умумӣ оид ба иқлим бахшида шудаанд.

Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим 21 марти соли 1994 барои пешгирии дахолати хатарноки инсон ба низоми иқлими Замин эътибор пайдо кард. То имрӯз ин санадро 198 кишвари ҷаҳон ба тасвиб расонидааст. Созишномаи Париж, ки соли 2015 қабул шудааст, идомаи ин конвенсия мебошад.

Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба тағирёбии иқлимро соли 1998 ва Созишномаи Парижро соли 2017 ба тасвиб расонд.

Мутобиқи муқаррароти тасдиқшуда Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабӣ дар як сол як маротиба бо иштироки сарони давлатҳо ва доираи васеи намояндагони кишварҳои узв, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.