Аҳамияти гуфтору муносибати хуби волидон бо фарзандон

Чӣ бояд кард, то оила макони меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ шавад? Рафтору гуфтор ва муносибати падару модар бо фарзандон бояд чӣ гуна бошад? Дар ин бора якчанд маводи матнӣ ва тасвирӣ омода кардем, ки аз муҳтавои он баҳравар шуда метавонед. Ба фарзандони худ бештар бо навозишу меҳрубонӣ бигӯед, ки онҳоро дӯст медоред. Ба ҳаёти кӯдакон ва машғулияту дастовардҳои […]

admin

Чӣ бояд кард, то оила макони меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ шавад? Рафтору гуфтор ва муносибати падару модар бо фарзандон бояд чӣ гуна бошад?

Дар ин бора якчанд маводи матнӣ ва тасвирӣ омода кардем, ки аз муҳтавои он баҳравар шуда метавонед.

Ба фарзандони худ бештар бо навозишу меҳрубонӣ бигӯед, ки онҳоро дӯст медоред. Ба ҳаёти кӯдакон ва машғулияту дастовардҳои онҳо таваҷҷуҳ кунед. Фарзандони худро барои пешравӣ ситоиш намоед. 

Барои фарзандони худ намуна бошед, зеро онҳо ба шумо тақлид мекунанд. Фурӯ нишондани хашмро ёд гиред, зеро он бузургтарин мушкил барои муносибати инсон аст. Агар падару модар бо ҳам сахт гап зананд ва дашном диҳанд, фарзандон на фақат бо аҳли хона, балки бо ҳамсолон низ ҳамин тавр муомила мекунанд.

Шахсият ва дидгоҳи фарзандонро эҳтиром намоед. Андешаи фарзанди худро оид ба ҳамаи корҳое, ки ба оилаи шумо дахл доранд, бипурсед.

Барои фарзандони худ вақт ҷудо намоед. Агар шумо ҳамроҳ бихонед, расм кашед ва бозӣ кунед, онҳо инкишоф меёбанд.

Ин мавод бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид “Нури рӯшноӣ” таҳия шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.