Вуруди шаҳрвандони Афғонистон ба 16 вилояти Эрон мамнӯъ шуд

Ҳузур, сукунат ва шуғли шаҳрвандони Афғонистон дар 16 вилояти Эрон комилан мамнӯъ шуд. Дар ин бора Ҳамза Сулаймонӣ, мудири кулли умури шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирати вилояти Кирмоншоҳи Эрон хабар додааст. Дар ин бора бахши хабаргузории эронии “ISNA” иттилоъ дода, менависад, ки ҳузур, сукунат ва кори шаҳрвандони Афғонистон дар ин вилоятҳо бо фармони Шӯрои олии амнияти […]

Asia-Plus

Ҳузур, сукунат ва шуғли шаҳрвандони Афғонистон дар 16 вилояти Эрон комилан мамнӯъ шуд. Дар ин бора Ҳамза Сулаймонӣ, мудири кулли умури шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирати вилояти Кирмоншоҳи Эрон хабар додааст.

Дар ин бора бахши хабаргузории эронии “ISNA” иттилоъ дода, менависад, ки ҳузур, сукунат ва кори шаҳрвандони Афғонистон дар ин вилоятҳо бо фармони Шӯрои олии амнияти миллии Эрон мамнӯъ гардидааст.

Ҳамза Сулаймонӣ гуфта, ки соли равон дар 8 маврид шаҳрвандони афғонистоние, ки беиҷоза дар вилояти Кирмоншоҳ ворид шуда буданд, шиносоӣ, боздошт ва ихроҷ шудаанд.

“Бо ширкати пулис, шаҳрдорӣ ва дигар ниҳодҳои марбута, теъдоди қобили мулоҳизае аз коргарони афғонистонӣ ва ҳамчунин, теъдоде аз корфармоёни ғайриқонунӣ, ки онҳоро бо кор таъмин мекарданд, боздошт шудаанд”, – афзудааст манбаъ.

Ба гуфтаи Сулаймонӣ, бо оғози марҳилаи нӯҳуми иҷрои тарҳи шиносоӣ, боздошт ва радди шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ будубош доранд, тарҳҳои зиёди сохтмони манзил дар шаҳракҳои атрофи шаҳр, гармхонаҳо, аспхонаҳо ва фермаҳои чорводории вилояти Кирмоншоҳ тафтиш карда шуданд.

Номбурда илова кардааст, ки дар ҷараёни иҷрои тарҳи шиносоӣ теъдоде аз коргарони афғонистонӣ ҳам боздошт ва аз ин вилоят ихроҷ шудаанд.

Ин мақомдори эронӣ аз шаҳрвандони кишвараш ҳамчунин тақозо кардааст, ки дар сурати дидани шаҳрвандони хориҷӣ ба мақомоти марбута хабар диҳанд.

Ахиран вазири умури дохилии Эрон гуфт, аз ҳукумати Толибон* хостааст, шароити бозгашти паноҳҷӯёни афғонистонӣ ба кишварашонро фароҳам кунад.

Ҳоло теъдоди афғонистониҳо дар Эрон ҳудуди 5 миллион нафар зикр мешавад. Мақомоти Эрон то ҳол беш аз 16 ҳазор муҳоҷирони ғайриқонуниро ихроҷ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Эрон ягона кишваре нест, ки шаҳрвандони фирории Афғонистонро аз қаламравӣ худ ихроҷ мекунад. Чанде пеш, Покистон низ ҳазорон шаҳрвандони Афғонистони фирориро аз қаламрави худ иҷборан ихроҷ карда буд, ки боиси эътирози ҷомеаи ин кишвар шуд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ниондиҳандаи баландтаринро Қазоқистон дорад

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.