Ду рӯзи наздик ҳавои сард ва борону барф дар назар аст

Рӯзҳои 12-13 декабр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои сард  ва боридани барфу борон дар назар дошта шудааст.  Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 12-13 декабр ҳавои сард дар назар дошта шуда,дар водиҳо  борон ба барф табдил меёбад.  Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барфи зиёд дар назар […]

Asia-Plus

Рӯзҳои 12-13 декабр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои сард  ва боридани барфу борон дар назар дошта шудааст. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки рӯзҳои 12-13 декабр ҳавои сард дар назар дошта шуда,дар водиҳо  борон ба барф табдил меёбад. 

Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барфи зиёд дар назар дошта шудааст.  Дар водиҳо ва доманакӯҳҳо рӯзона дамои ҳаво  8-13 дараҷа поин хоҳад рафт. Ҳавошиносон дар баъзе ноҳияҳо туманро пешгӯӣ мекунанд ва шамол бо суръати 15-20 м/с мевазад. Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ хатари резиши тарма бештар мешавад.

Илова бар ин, барфи тар метавонад ба танаи симчӯбҳои интиқоли барқ ва дарахтон часпад ва бо вазнинӣ ҳолаҳои садамавиро ба вуҷуд орад.  

Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳаракати худро дар роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, инчунин ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқӣ ва бухориҳо қоидаҳои бехтарии пешгирӣ аз сӯхторро риоя кунанд.

Ҳамчунин Кумита ба сокинони ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ дар остонаи фасли сард барои риояи қоидаҳои бехатарӣ чанд тавсия медиҳад:

 – Новобаста ба он ки шумо соҳиби чӣ гуна манзили истиқоматиед, бояд захираи ҳезуму ангишт дошта бошед. 

– Хонаҳои худро гарм нигоҳ доред, ҳарорат ба ҳадде бошад, ки барои аҳли хонавода чун паногоҳ аз сардӣ хидмат карда тавонад. Аз истифодаи дастгоҳҳои худсохти барқӣ барои гарм кардани хонаҳо худдорӣ намоед, то сабаби ҳар гуна ноҷӯриҳо ва бахусус сӯхтор нашаванд.

– Ҳангоми боди шадид зери дарахтон, симчӯбҳои интиқоли барқ, сутунҳои реклом паноҳ набаред!

– Бовар ҳосил намоед, ки чоравои хонагии шумо дар ҷойи амн асту сардӣ таъсираш надорад. Дар бораи захираи ғизо ба чорво ва об низ сари вақт фикр кунед.

ЧАНД ТАВСИЯ БА СОҲИБОНИ МОШИНҲО:

КҲФ бори дигар хотиррасон мекунад, ки чархҳои тобистонаро ба зимистона иваз намоед, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла абзори зидди лағзиш дар ях, аз ҷумла занҷирҳо, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоед. Ҳамзамон бо ин коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷед;

– ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро назар ба ҳолатҳои маъмулӣ дарозтар гузоред, зеро дар роҳҳои пурлой ва яхӣ нигоҳ доштани мошин мушкил аст;

– тавсияҳои кормандони ВКД, КҲФ-ро дар мавриди маҳдудияти муваққатии ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогона дар ҳолатҳои лағзиши тарма ва резиши санг риоя намоед.

Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо шумораҳои телефонҳои зерин ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва бахшҳои вилоятиву шаҳриву ноҳиявии он занг занед ва аз мушкили ба саратон омада хабар диҳед:

Навбатдори масъул дар Кумита: -112, 93-880-28-19, 221-91-19, 223-13-11;

Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:

225-44-62, 225-44-76;

Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:

– (83139) 2-60-74;

Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:

– (83222) 2-35-05, 2-78-28;

Шуъбаи КҲФ дар шарҳи Кӯлоб:

– (83322)   21656, 21657

Раёсати КҲФ дар ВМКБ:

– (83522) 2-40-57, 22744;

Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:

– (83422)  51555, 57995

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.