Екатерина Андреевна – зани русе, ки шавҳари ӯзбек кардаву анъанаҳои миллӣ ва либоси тоҷикиро пазируфтааст

Алиматова Екатерина Андреевна 72-сол дошта, дар шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 27 сол боз ба ҳайси муҳосиб кор мекунад. Ӯ 50 сол пеш, дар синни 22 солагӣ бо Мухторалӣ Алиматов, ки зодаи Тоҷикистон, вале шаҳрванди Ӯзбекистон аст, оила барпо кардааст. Екатерина Андреевна мегӯяд, давоми ин солҳо ҳамеша бо шавҳараш ҳамдигарфаҳмӣ карда, хушбахтона зистаанд ва ҳеҷ […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Алиматова Екатерина Андреевна 72-сол дошта, дар шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 27 сол боз ба ҳайси муҳосиб кор мекунад. Ӯ 50 сол пеш, дар синни 22 солагӣ бо Мухторалӣ Алиматов, ки зодаи Тоҷикистон, вале шаҳрванди Ӯзбекистон аст, оила барпо кардааст.

Екатерина Андреевна мегӯяд, давоми ин солҳо ҳамеша бо шавҳараш ҳамдигарфаҳмӣ карда, хушбахтона зистаанд ва ҳеҷ гоҳ бар пояи тафовути эътиқодиву нажодӣ ихтилофи назар надоштаанд.

“Муҳаббат ва самимияти шавҳар бароям муҳимтар аз дину миллату нажодаш аст. Ӯ ҳам ҳеҷ гоҳ ба эътиқоди ман дахолат накардааст. Рус ва масеҳӣ будани ман ҳам ҳеҷ гоҳ боиси ихтилоф нашудааст. Мо ҳамдигарро ҳамон тавре, ки ҳастем, дӯст доштаем ва қабул кардаем”, – мегӯяд Екатерина Андреевна.

Волидони Екатерина зодаи шаҳри Саратови Русия ва пайрави дини масеҳӣ будаанд. Вале солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ба шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистони вилояти Суғд омадаанд.

Екатерина дар оила фарзанди ҷаҳорум буда, додару хоҳаронаш низ бо парвайрони динҳои гуногун оила барпо кардаанд. Зеро дар оилаи онҳо озодии динӣ ҳукфармо будааст. Ва ҳамин озодии эътиқод барояш имкон додааст, ки шавҳари ӯзбек кунад ва анъанаҳои тоҷиконро пос дорад.

“Ин аст, ки ба 3 фарзандам озодӣ додаам. Писарам ҳамсари рус гирифт, ду духтарам ба оилаҳои тоҷик келин шуданд”, – гуфт Екатерина Андреевна.

Ӯ мегӯяд, дар зиндагӣ муҳимтар аз ҳама оилаи солим бунёд кардан аст, атрофиён чӣ мегӯянд, аҳамият надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.