Оё зимни пардохти ғайринақдии андозҳо расид лозим аст?

Аз бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми пардохти ғайринақдии пули барқу дигар хадамоти давлатӣ расид (квитансия) талаб мекунанд. Ин талабот то куҷо асоснок аст? Дар Тоҷикистон аз 1 август қабули пули нақд барои хидматрасониҳои давлатӣ қатъ шуда, ҳадаф аз ин тасмим таъмини шаффофият ва бароҳату қулай анҷом додани амалиёти молиявӣ унвон шуд. Бо вуҷуди ин, интиқоли […]

Алина Валамат-Зода Asia-Plus

Аз бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми пардохти ғайринақдии пули барқу дигар хадамоти давлатӣ расид (квитансия) талаб мекунанд. Ин талабот то куҷо асоснок аст?

Дар Тоҷикистон аз 1 август қабули пули нақд барои хидматрасониҳои давлатӣ қатъ шуда, ҳадаф аз ин тасмим таъмини шаффофият ва бароҳату қулай анҷом додани амалиёти молиявӣ унвон шуд.

Бо вуҷуди ин, интиқоли онлайн то чӣ қадр қулай аст, агар баъзан талаб кунанд, ки хоҳ-нохоҳ пардохтҳо бо расид тасдиқ карда шаванд?

Хотиррасон мекунем, ки расиди электронӣ низ ба мисли расиди коғазӣ ҳамон як хел ҳукми қонунӣ дорад, ки ҳуҷҷати комилҳуқуқ буда, далели анҷоми пардохтро тасдиқ мекунад.

Ба ин тариқ, расиди электронӣ, ки ҳангоми пардохти хидматрасониҳои давлатӣ тариқи замимаҳои бонкӣ сабт мешавад, аллакай далели кофӣ буда, чоп ва пешниҳоди расид дар шакли коғазӣ шарт ё ҳатмӣ нест.

Илова бар ин, ҳар корхона ё муассисаи коммуналӣ дар “Амонатбонк” суратҳисоб ва барои идораи ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ – кабинети шахсии рақамии худро дорад, ки дар ин ҷо онҳо метавонанд ҳамаи пардохт ё пулгузарониашонро идора кунанд ва санҷанд.

Чунин шаффофият ба муассисаҳо имкон медиҳад, ки ҳамаи амалиёти пулиро бидуни тасдиқи он аз ҷониби муштариён бинанд.

Аз ин рӯ, тасдиқи пардохти ғайринақдӣ бо расид як расмиёти нолозиму барзиёдатӣ аст, ки метавон аз он даст кашид. Охир, дар ниҳояти кор маҳз соддаву осон кардани тартиби пардохт мақсади аслии ислоҳот аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.