“Дуру наздики Омир соҳиб”. Дар Душанбе китоби нав дар бораи Аҳмадшоҳ Масъуд рӯнамоӣ шуд

“Дуру наздики Омир соҳиб” – китоби Муҳаммад Фаҳим Даштӣ, рӯзноманигор ва яке аз ёрони Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон аст, ки имрӯз, 13-уми декабр, дар Душанбе рӯнамоӣ шуд. Дар ин китоб Фаҳим Даштӣ дидаҳо ва лаҳзаҳои ҳузураш дар суҳбатҳои Аҳмадшоҳ Масъудро, дар замони ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ дар Кобул ва ҳам муқовимати аввал алайҳи Толибон* ва […]

Исматуллоҳ Абдуллоев, махсус барои Asia-Plus

“Дуру наздики Омир соҳиб” – китоби Муҳаммад Фаҳим Даштӣ, рӯзноманигор ва яке аз ёрони Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон аст, ки имрӯз, 13-уми декабр, дар Душанбе рӯнамоӣ шуд.

Дар ин китоб Фаҳим Даштӣ дидаҳо ва лаҳзаҳои ҳузураш дар суҳбатҳои Аҳмадшоҳ Масъудро, дар замони ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ дар Кобул ва ҳам муқовимати аввал алайҳи Толибон* ва терроризми байналмилалӣ тасвир кардааст.

“Дуру наздики Омир соҳиб” бо ибтикори Бунёди Фаҳим Даштӣ ва сармоягузории Бунёди Аҳмадшоҳ Масъул дар Тоҷикистон ба нашр расида, дар рӯнамоии он Аҳмад Валӣ Масъуд, бародари Аҳмадшоҳ Масъуд, коршиносону рӯзноманигорони тоҷик ва баъзе аз чеҳраҳои фарҳангии Афғонистон ҳузур доштанд.

Фахриддин Холбек, муҳаррири китоби “Дуру наздики Омир соҳиб”, ки Фаҳим Даштиро аз наздик мешинохт ва солҳои дароз дар Афғонистон кор кардаву аз вазъи минтақа огоҳ аст, мегӯяд, дар китоби мазкур “бозиҳои истихборотие, ки дар борааш бисёр мегӯему аммо ба дарки умқаш рафта наметавонем, ба содагӣ баён гардидааст”.

“Яке аз хизматҳои бузурге, ки Фаҳим Даштӣ барои мо – мардуми тоҷик кардааст, бозкушоии бештари шахсиятӣ Омир соҳиб – Аҳмадшоҳ Масъуд дар ин китоб аст”, – гуфт Фахриддин Холбек.

Воқеан, Фаҳим Даштӣ аз рӯзноманигорони Афғонистон буд, ки солҳои зиёд бо Аҳмадшоҳ Масъуд кор кардааст. Ҳарду зодаи Панҷшер буданд.

Лаҳзаи террори Аҳмадшоҳ Масъуд дар соли 2001 Фаҳим Даштӣ ҳамроҳаш буд ва бо ҷароҳат ҷон ба саломат буд.

Фаҳим Даштӣ моҳи январи соли 1972 дар деҳаи Даштаки вилояти Панҷшер дар хонаводаи генерал Қосим – рӯшанфикр ва мутаххасиси роҳсоз ба дунё омадааст. Вай хоҳарзодаи сиёсатмадори аҳли Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ аст.

Баъди ба қудрат расидани ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ дар соли 1992 Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифоъ таъин шуд ва ӯ нашрияеро бо номи “Ҳафтаномаи Кобул” таъсис дод, ки Раззоқи Маъмун, рӯзноманигори шинохтаи ин кишвар сармуҳаррираш буд. Фаҳим Даштӣ дар ин нашрия ҳамчун хабарнигор фаъолият мекард.

Солҳои 1996 – 2001 Даштӣ ба “Ориёно филм” пайваст, ки аз сӯи Аҳмадшоҳи Масъуд ташкил шуда буд ва ба сатбу таҳияи филмҳои мустанаде перомуни авзоъи Афғонистон мепардохт.

Баъд аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд, Фаҳими Даштӣ муддате дар Фаронса зист ва бештар ба фаъолияти журналистӣ машғул шуд.

Аз соли 2018, ки Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, ба фаъолиятҳои сиёсӣ оғоз кард, Даштӣ раиси дастгоҳи дафтари сиёсии ӯ буд.

Соли 2021, пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон, Фаҳим Даштӣ якҷо бо Аҳмад Масъуд ба Панҷшер рафт. Баъди ташкили Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон сухангӯи он шуд.

5-уми сентябри 2021 Фаҳим Даштӣ дар ҷараёни ҳамлаи Толибон ба Панҷшер кушта шуд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.