Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ барои оташбаси фаврӣ дар Ғазза

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Ғаззаро бо 153 раъйи мусбат алайҳи 10 раъйи мухолиф, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида ва 23 раъйи бетараф тасвиб кард. Ҳарчанд риояи ин қатънома ҳатмӣ нест, аммо тавре BBC аз қавли Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико менависад, он нишонгари заъифии мавқеи ҳукумати Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар […]

Asia-Plus

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Ғаззаро бо 153 раъйи мусбат алайҳи 10 раъйи мухолиф, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида ва 23 раъйи бетараф тасвиб кард.

Ҳарчанд риояи ин қатънома ҳатмӣ нест, аммо тавре BBC аз қавли Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико менависад, он нишонгари заъифии мавқеи ҳукумати Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар идомаи ҷанг алайҳи Ҳамос дар Ғазза аст.

Бояд гуфт, ки ин дуввумин қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аст, ки ҳадафаш хатми ҷанг дар Ғазза мебошад.

Қабл аз ин, моҳи октябри соли ҷорӣ низ ин ниҳоди байналмилалӣ қатъномаеро низ тасвиб карда буд, ки ҳадафи он таваққуфи амалиётҳои ҷангӣ барои ироаи кӯмакҳои инсондӯстона ба Ғазза буд.

Аз қатъномаи аввал ҳам аксари кулли кишварҳо ҷонибдорӣ карда буданд: 121 раъйи мусбат, 14 раъйи мухолиф ва 44 раъйи бетараф.

Қабули ин ду қатънома ва ҷонибдории кишварҳои зиёд аз он бозгӯи афзоиши норозигии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз идомаи ҷанг дар Ғазза мебошад.

Истиқболи сафири Фаластин дар СММ ва Ҳамос аз тасвиби қатънома

Риёз Мансур, сафири давлати Фаластин дар СММ тасвиби қатънома бо дархости оташбаси фаврӣ дар Ғаззаро “рӯзи таърихӣ” номида гуфтааст, ки Маҷмаи умумии СММ бо раъйдиҳӣ ба ҷонибдории ин қатънома “паёми қавӣ” дод.

Риёз Мансур гуфтааст, “масъулияти дастаҷамъии мост, ки ин роҳро идома диҳем, то поёни ин хушунат алайҳи мардуми сарзаминамро бубинем”.

Ҳамос низ аз тасвиби қатъномаи оташбас дар Маҷмаи умумии СММ истиқбол кардааст.

Басим Наим, яке аз раҳбарони аршади Ҳамос дар сӯҳбат бо BBC аз тасвиби қатъномаи дархости оташбас дар Ғазза истиқбол карда, гуфтааст, ки ин амали ҷомеаи байнулмилалӣ “исбот мекунад, ки ҷаҳон тарафдори поён додани хушунат бар зидди фаластиниён аст”.

Исроил: оташбас танҳо ба наҷоти Ҳамос кӯмак мекунад

Дар ҳамин ҳол, Гилод Эрдан, сафири Исроил дар Созмони Милали Муттаҳид ин қатъномаро “риёкорона” хонда гуфтааст, ки ҳар гуна оташбас дар вазъияти ҳозира танҳо ба зинда мондани Ҳамос ва идомаи хушунат дар минтаҷа оварда мерасонад.

Ӯ дар идома гуфтааст, ки “ба Ҳамос бигӯед, силоҳҳояшро ба замин гузораду таслим шавад ва гаравгонҳоро раҳо кунад. Ин ба маънои оташбаси комил ва мондагор хоҳад буд”.

Ёдовар мешавем, ки ҷанги Исроил дар Ғазза пас аз ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар 7-уми октябр оғоз шуд. Дар ҷараёни он 1200 исроилӣ кушта шуданд ва Ҳамос тақрибан 240 нафарро гаравгон гирифт.

Пас аз ин Исроил бо ҳадафи “маҳви Ҳамос ва раҳоии гаравгонҳо” ба шимоли Ғазза ва баъдан ба ҷануби он ҳамла кард. Бар асари ҳамлаҳои заминӣ, ҳавоӣ ва баҳрии Исроил дар Ғазза то кунун беш аз 18 ҳазор, аз ҷумла зиёда аз 8 ҳазор занону кӯдакон, кушта шудаанд. Ҳамчунин, беш 50 ҳазор нафар захмӣ ва беш аз 1 миллион сокини ин минтақа овора шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.