Олмон барои сохтмони НБО «Себзор» дар ВМКБ 10 млн евро грант медиҳад

Ҳукумати Олмон барои сохтмони Неругоҳи барқии обии “Себзор” 10 млн еврои дигар медиҳад, хабар дод, дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон. Шартномаи иловагии маблағгузорӣ рӯзи 12-уми декабри соли равон байни Завқизода Завқӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, Вероника Гарсия дел Арко, директори Бонки Олмонии Рушд барои минтақаи Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, Андреас […]

Ҳукумати Олмон барои сохтмони Неругоҳи барқии обии “Себзор” 10 млн еврои дигар медиҳад, хабар дод, дафтари матбуотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Шартномаи иловагии маблағгузорӣ рӯзи 12-уми декабри соли равон байни Завқизода Завқӣ, вазири рушди иқтисод ва савдо, Вероника Гарсия дел Арко, директори Бонки Олмонии Рушд барои минтақаи Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, Андреас Шнайдер, роҳбари намояндагии минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ ва Амрихон Раимов, директори генералии ширкати “Помир Энерҷӣ” ба имзо расид.

Интизор меравад, ки нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ бо иқтидори лоиҳавии 11 МВт баъди ба истифода дода шуданаш беш аз 227 ҳазор нафар аҳолии ВМКБ ва 468 ҳазор сокини ноҳияҳои наздисарҳадии Афғонистонро бо нерӯи сабз таъмин хоҳад кард.

Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар шарҳи имзои шартнома гуфтааст, ки то имрӯз бо дастгирии ҳукумати  кишвар ва ҷалби маблағҳои шарикони рушд, бахусус Иттиҳоди Аврупо, Ҳукумати Олмон, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), Котиботи Швейтсария оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (SEСO) ва Бонки Ҷаҳонӣ барои сохтмони НБО «Себзор» дар маҷмуъ, 84 млн. доллар грант ҷалб карда шудааст.

Лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар Тоҷикистон барои стандартҳои баланди рушди устувор шаҳодатномаи тиллоиро гирифта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.