Тоҷикистону Қирғизистон сари боз 11,88 км сарҳади давлатӣ ба мувофиқа расиданд

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ ва таъйини сарҳади давлатии байни кишварҳо баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад. Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 11,88 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа намуданд. “Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, […]

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузорӣ ва таъйини сарҳади давлатии байни кишварҳо баргузор шуд.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, дар ин вохӯрӣ гурӯҳҳои кории топографӣ 11,88 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа намуданд.

“Ҷонибҳо корро оид ба тавсифи минтақаҳои боқимонда дар вохӯрии навбатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд”, – омаааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш дар як вохӯрии дигари гурӯҳҳои корӣ оид ба муайян ва аломатгузории марз байни  Тоҷикистону Қирғизистон 47,05 километри марз байни ду кишвар мувофиқа шуда буд.

Дар соли 2023, бахусус дар моҳҳои ахир, комиссияи дуҷониба оид ба делимитатсия ва  демаркасияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон фаъолияти худро ҷоннок карда, пайваста ҷаласаҳо баргузор карданд. Танҳо дар се моҳи охир ҳудуди 150 км марзи давлатии ду ҷониб мувофиқа карда шуд. Аз ҷумла, дар ҷаласаи қаблӣ гурӯҳҳои корӣ дар мавриди 24 километр марзи миёни ду кишвар ба мувофиқа расида буданд.

Дар ин робита Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев, ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзи Тоҷикистону Қирғизистон гуфтанд, ки то имрӯз 90 дарсади сарҳади давлатӣ байни ду кишвар муайян ва мувофиқа шудааст.

Дар мулоқоти рӯзи 1-уми декабри соли равон Ятимов ва Тошиев изҳор дошта буданд, ки дар ду масъалаи асосӣ, истифодаи роҳи Ворух – Хоҷаи Аъло ва обанбори Дӯстӣ, ки дар Қирғизистон онро Торткӯл меноманд, ба созиши усулӣ расиданд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки дар масъалаи истифодаи замин ва иншооти дар қаламрави якдигарқарордошта ба мувофиқа расиданд.

Дарозии умумии сарҳади ду кишвар тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Зиёда аз 400 километр баҳснок ҳисобида мешуд. Агар ба назар гирем, ки 90 дарсади хатти сарҳадӣ мувофиқа шудааст, пас хатти боқимондаи марз, ки то ҳол тавсиф нашудааст, тақрибан 98 километрро ташкил медиҳад.

Дар умум, аз декабри соли 2002 музокираҳо оид ба марзи ду кишвар идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳ шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.