Дар Петербург наврасонеро, ки ба муҳоҷирон дармеафтоданд, боздошт карданд

Мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербург ду наврасеро, ки дар ҳамла ба кӯчарӯбон гумонбар дониста мешаванд, боздошт карданд, хабар додаанд дар хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград. Кормандони Маркази минтақавии муқовимат бо ифротгароӣ (экстремизм) сабти видеои ҳамлаҳо ба кӯчарӯбонро пайдо карда, дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ ду навраси 16-соларо боздошт шудаанд. Гуфта мешавад, ҳамлаҳо дар […]

Asia-Plus

Мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербург ду наврасеро, ки дар ҳамла ба кӯчарӯбон гумонбар дониста мешаванд, боздошт карданд, хабар додаанд дар хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград.

Кормандони Маркази минтақавии муқовимат бо ифротгароӣ (экстремизм) сабти видеои ҳамлаҳо ба кӯчарӯбонро пайдо карда, дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ ду навраси 16-соларо боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳамлаҳо дар давраи аз 15 то 20 декабр сурат гирифтаанд.

“Аз рӯи ин делелҳо мақомоти тафтишоти пулис мутобиқи моддаи 213 КҶ ФР (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз намуд”, – омадааст дар хабари мақомоти пулиси Санкт-Петербург.

Дар хадамоти матбуот зикр кардаанд, ки аз ҳамлаҳои наврасон ду зан ва се мард осеб дидаанд. Ба истинои як зани ҷабрдида, боқимонда зодагони кишварҳои хориҷи наздик мебошанд.

Тавре ки “Фонтанка” хабар медиҳад, наврасон худашон Telegram-канал таъсис дода, сабтҳои видеоии ҳамлаҳояшонро нашр мекардаанд.

Дар ҳамлаҳои худ онҳо ба рӯйи кормандони хадамоти коммуналӣ аз баллонча маҳлуле пошида, пас аз ин онҳоро мавриди лату кӯб қарор медодаанд. Ба иттилои манбаъ, мақомоти пулис инчунин навраси 14-солаи хонандаи синфи 8-умро низ ба сифати шоҳид боздошт кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.