Ҳарифи нави Лоиқ Раҷабов муайян шуд. Ӯ кист?

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Размикори тоҷик қувваозмоии сеюми худро дар мусобиқаи UFC бо ҳарифаш, ки ҳоло начандон таҷрибаи зиёд дорад, баргузор мекунад.

Лоиқ Раҷабов (UFC 1-1) рақобати минбаъдаро дар вазни сабук бо размикор Абдул-Карим Ал-Селвади аз Урдун, ки дар UFC ки бори аввал ҳунарнамоӣ мекунад (дебютант), барпо мекунад. Рақобат рӯзи 2 март дар UFC Saudi Arabia баргузор мешавад.

Раҷабов моҳи июни соли 2023 дар мусобиқаи UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) бо размикори Лаҳистон (Полша) Матеуш Ребетски рақобат карда, он бо пирӯзии варзишгари лаҳистонӣ дар раунди дуюм ба поён расид.

То ин дам Раҷабов дар моҳи марти соли 2023 дар мусобиқаи UFC 285 бо қарори якдилонаи доварон бар Эстебан Рибовичи аргентинӣ дастболо шуд.

Айни замон Лоиқ Раҷабов 17 ғалаба, 5 – бохт ва 1 – мусовӣ ва рақиби нави ӯ дар UFC 285 Абдул-Карим Ал-Селвадии урдунӣ – 15 ғалаба ва 3 – бохт доранд.

Раҷабов дар ММА бори аввал моҳи октябри соли 2012 рақобат карда буд. Он вақт Раҷабов бо нокаути техникӣ Юсуф Маҳмудовро мағлуб карда буд. Пас аз ин Лоиқ пайиҳам 10 маротиба ғалаба ба даст оварда, ба PFL роҳ ёфт.

Дар Лигаи амрикоӣ Раҷабов бори аввал дар давраи ҳунарнамоии касбиаш бо қарори якдилдонаи доварон аз Рашид Магомедов шикаст хӯрд.

Дар ҳамин ҳол, дар ду рақобати минбаъда дар PFL Раҷабов бо қарори доварон ғолиб дониста шуд. Моҳи октябри соли 2019 қувваозмоии Лоиқ бо Ислом Магомедов мусовӣ анҷом ёфт. Сипас дар промоушени амрикоӣ Раҷабов пайиҳам да маротиба ба шикаст дучор шуд.

Дар PFL размикори тоҷик боз 3 қувваозмоӣ гузаронид: 2 – ғалаба ва 1 – бохт. Баъди ин моҳи январи соли 2022 Лоиқ ба муқобили Зак Зейн дар Eagle FC қувваозмоӣ карда, бо усули буғӣ кардан дастболо шуд.

Моҳи феврали соли 2023 Лоиқ бо UFC қарордод ба имзо расонид. Рақобати нахустинро Раҷабов моҳи март бо Эстебан Рибович баргузор кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...