Ғалаба ва рекорди Лоиқ Раҷабов дар нахустин рақобаташ дар UFC

Лоиқ Раҷабов, размикори маъруфи тоҷик, ки дар набарди аввалаш дар UFC (Ultimate Fighting Championship) пирӯз шуд, ҳамчунин дар доираи мусобиқоти ин ташкилоти варзишӣ рекорд гузоштааст: Ӯ 11 партоби муваффақ (тейкдаун) анҷом додааст. Дар ин бора ташкилоти UFC дар “Twitter” хабар додааст. Манбаъ навиштааст, ки “Лоиқ Раҷабов имрӯз, 11 партоби муваффақ анҷом дод, ки дар миёни […]

Лоиқ Раҷабов, размикори маъруфи тоҷик, ки дар набарди аввалаш дар UFC (Ultimate Fighting Championship) пирӯз шуд, ҳамчунин дар доираи мусобиқоти ин ташкилоти варзишӣ рекорд гузоштааст: Ӯ 11 партоби муваффақ (тейкдаун) анҷом додааст. Дар ин бора ташкилоти UFC дар “Twitterхабар додааст.

Манбаъ навиштааст, ки “Лоиқ Раҷабов имрӯз, 11 партоби муваффақ анҷом дод, ки дар миёни сабуквазнҳо рекорд дониста мешавад”.

Гуфта мешавад, ки то ин дам ягон варзишгар дар вазни сабук дар аввалин рақобаташ 11 партоби муваффақ анҷом надода буд.

Бояд гуфт, ки Лоиқ Раҷабов дар набарди аввалинаш дар “UFC 285” бар Эстебан Рибовичи аргентинӣ пирӯз шуд. Муҳориба шаби 4 ба 5 март дар Лас Вегас дар доираи мусобиқаи UFC 285 дар толори «T Mobile» сурат гирифт.

Варзишгари аргентинӣ то ин дам 11 рақобат гузаронда дар ҳамаи онҳо ғолиб шуда буд. Лоиқ Раҷабов дар корномаи варзишиаш 17 ғалаба ва 4 бохт дорад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26-уми феврал размикори дигари тоҷик Нурулло Алиев низ дар набарди аввалинаш дар UFC бар Рафаэл Алвеси бразилӣ пирӯз шуда буд.

Мусобиқа дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА баргузор гардида буд.

Рақиби Алиеви 22-сола Рафаэл Алвеси 32-солаи бразилӣ дар UFC (Ultimate Fighting Championship) рақобати чаҳоруми худро доир кард. Ӯ дар як набард пирӯз шуда, дар сетоаш мағлуб гаштааст. Дар маҷмӯъ, Алвес дар MMA 20 ғалаба ва 12 бохт дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.