Ҳарифи нави Лоиқ Раҷабов муайян шуд. Ӯ кист?

Размикори тоҷик қувваозмоии сеюми худро дар мусобиқаи UFC бо ҳарифаш, ки ҳоло начандон таҷрибаи зиёд дорад, баргузор мекунад. Лоиқ Раҷабов (UFC 1-1) рақобати минбаъдаро дар вазни сабук бо размикор Абдул-Карим Ал-Селвади аз Урдун, ки дар UFC ки бори аввал ҳунарнамоӣ мекунад (дебютант), барпо мекунад. Рақобат рӯзи 2 март дар UFC Saudi Arabia баргузор мешавад. Раҷабов […]

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Размикори тоҷик қувваозмоии сеюми худро дар мусобиқаи UFC бо ҳарифаш, ки ҳоло начандон таҷрибаи зиёд дорад, баргузор мекунад.

Лоиқ Раҷабов (UFC 1-1) рақобати минбаъдаро дар вазни сабук бо размикор Абдул-Карим Ал-Селвади аз Урдун, ки дар UFC ки бори аввал ҳунарнамоӣ мекунад (дебютант), барпо мекунад. Рақобат рӯзи 2 март дар UFC Saudi Arabia баргузор мешавад.

Раҷабов моҳи июни соли 2023 дар мусобиқаи UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) бо размикори Лаҳистон (Полша) Матеуш Ребетски рақобат карда, он бо пирӯзии варзишгари лаҳистонӣ дар раунди дуюм ба поён расид.

То ин дам Раҷабов дар моҳи марти соли 2023 дар мусобиқаи UFC 285 бо қарори якдилонаи доварон бар Эстебан Рибовичи аргентинӣ дастболо шуд.

Айни замон Лоиқ Раҷабов 17 ғалаба, 5 – бохт ва 1 – мусовӣ ва рақиби нави ӯ дар UFC 285 Абдул-Карим Ал-Селвадии урдунӣ – 15 ғалаба ва 3 – бохт доранд.

Раҷабов дар ММА бори аввал моҳи октябри соли 2012 рақобат карда буд. Он вақт Раҷабов бо нокаути техникӣ Юсуф Маҳмудовро мағлуб карда буд. Пас аз ин Лоиқ пайиҳам 10 маротиба ғалаба ба даст оварда, ба PFL роҳ ёфт.

Дар Лигаи амрикоӣ Раҷабов бори аввал дар давраи ҳунарнамоии касбиаш бо қарори якдилдонаи доварон аз Рашид Магомедов шикаст хӯрд.

Дар ҳамин ҳол, дар ду рақобати минбаъда дар PFL Раҷабов бо қарори доварон ғолиб дониста шуд. Моҳи октябри соли 2019 қувваозмоии Лоиқ бо Ислом Магомедов мусовӣ анҷом ёфт. Сипас дар промоушени амрикоӣ Раҷабов пайиҳам да маротиба ба шикаст дучор шуд.

Дар PFL размикори тоҷик боз 3 қувваозмоӣ гузаронид: 2 – ғалаба ва 1 – бохт. Баъди ин моҳи январи соли 2022 Лоиқ ба муқобили Зак Зейн дар Eagle FC қувваозмоӣ карда, бо усули буғӣ кардан дастболо шуд.

Моҳи феврали соли 2023 Лоиқ бо UFC қарордод ба имзо расонид. Рақобати нахустинро Раҷабов моҳи март бо Эстебан Рибович баргузор кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.