Қасос барои марги Қосим Сулаймонӣ ва таркиш дар Кирмон? Ҳамлаҳои ҳавоии Эрон ба Ироқ ва Сурия

Шаби 16-уми январи соли равон Эрон бо истифода аз мушакҳои ҳавоӣ бархе манотиқи Ироқ ва Сурияро мавриди ҳамла қарор додааст. Дар ин бора расонаҳои эронӣ бо такя ба иттилоияи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон хабар додаанд. Дар хабарнома омадааст, ки ҳамлаҳо ба Курдистони Ироқ дар вокуниш ба кушта шудани фармондеҳони Сипоҳи посдорон ва “Ҷабҳаи муқовимат” […]

Шаби 16-уми январи соли равон Эрон бо истифода аз мушакҳои ҳавоӣ бархе манотиқи Ироқ ва Сурияро мавриди ҳамла қарор додааст. Дар ин бора расонаҳои эронӣ бо такя ба иттилоияи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон хабар додаанд.

Дар хабарнома омадааст, ки ҳамлаҳо ба Курдистони Ироқ дар вокуниш ба кушта шудани фармондеҳони Сипоҳи посдорон ва “Ҷабҳаи муқовимат” аст ва дар ин ҳамлаҳо яке аз қароргоҳҳои ҷосусии Исроил аз байн бурда шудааст.

Онҳо изҳор намуданд, ки пойгоҳи “гурӯҳҳои террористии зидди Эрон” нест карда шудаанд.

“Дар посух ба ҷиноятҳои террористии ахири душманони Эрони исломӣ, ситоди ҷосусӣ бо мушакҳои баллистикии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳамла ва нобуд карда шуд”, – омадааст дар изҳороти низомиён.

Ҳамчунин, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар посух ба ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Кирмони Эрон ба мавқеъҳои ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ” дар Сурия зарба задааст, хабар медиҳад, шабакаи Алҷазира бо истинод ба изҳороти Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ.

Хабаргузории “Рейтерз” дар гузорише навиштааст, ки садои таркиш аз минтақае дар ҳудуди 40-километрии шарқи Арбил ва наздикии консулгарии Амрико шунида шудааст. Эрон ҳамчунин, гуфт, ба ҳашт иншооти назди консулгарии Амрико дар шаҳри Эрбил зарба зад.

Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, нерӯҳои Сипоҳ на танҳо ба консулгарӣ, балки ба пойгоҳҳои низомии Амрико низ ҳамла карданд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки иншооти Амрико дар Ироқ осеб надидаанд. Ин маълумотро баъдтар котиби матбуотии Шӯрои амнияти миллии Кохи Сафед Адриен Уотсон дар суҳбат бо РИА Новости тасдиқ кардааст.

Вай қайд кардааст, ки мақомоти ИМА ин ҳамлаҳоро “бепарвоёна ва нодуруст” мешуморанд.

“Мо бо мақомоти баландпояи Ироқ ва ҳамчунин бо мақомоти Курдистон дар тамос ҳастем. ИМА ба арзёбии ҳодисаи рухдода идома медиҳад, аммо арзёбии ибтидоии Вашингтон ин аст, ки ин “як силсила ҳамлаҳои бепарвоёна ва нодуруст”-и Эрон аст”, – гуфтааст ӯ

Хабаргузории Reuters хабар медиҳад, ки дар ин ҳамалаҳо ду нафар кушта ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. ABC News дар бораи чаҳор қурбонӣ хабар додааст. Хабаргузории Reuters бо такя ба манобеъаш менависад, ки дар миёни кушташудаҳо тоҷири миллионери курд Пешрав Дизайӣ ва чанд узви хонаводаи ӯ ҳастанд.

Шабакаи ABC News бо такя ба як манбаъ дар хадамоти амниятии Ироқ хабар медиҳад, ки ҳаракати ҳавоӣ дар Эрбил мутаваққиф шудааст ва зарбаҳо “хеле шадид” будааст.

Шӯрои амнияти ҳукумати Курдистони Ироқ дар баёнияе эълон кард, ки дар ҳамлаи Арбил дастикам чаҳор ғайринизомӣ кушта ва шаш нафар захмӣ шудаанд. Ин ниҳод ҳамлаҳои ҳавои Сипоҳи посдоронро “ҷиноят” хондааст.

Чанд соат пас аз ин ҳамлаҳо, Масрур Боризонӣ, нахуствазири иқлими Курдистони Ироқ бо нашри баёнияе дар шабакаи Х (Твиттери пешин) ҳамлаҳои Сипоҳи посдоронро маҳкум кард ва гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо чандин ғайринизомӣ кушта ва захмӣ шудаанд. Ӯ аз ҳукумати марказӣ дар Бағдод хостааст, ки дар баробари ҳамлаҳо мавзеъгирӣ кунад.

Ҳамлаи мусаллаҳон дар вилояти Систон ва Балучистон ҳудуди як моҳ қабл сурат гирифт ва бар асари он дастикам 12 корманди пулиси Эрон кушта шуданд. Гурӯҳи “Ҷайш-ул-Адл” масъулияти онро ба ӯҳда гирифта буд.

Рӯзи 3 январ дар Кирмон ду таркиш дар ҷараёни маросими дафн дар қабри генерал Қосим Сулаймонӣ рух дод. Қариб 90 нафар кушта ва беш аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамларо ДИИШ* бар ӯҳда гирифт.

*дар Тоҷикистон созмони террористӣ эътироф шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.