Машқҳои бузургмиқёси низомӣ бо иштироки 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон

Дар Қазоқистон соли 2024 дар доираи чорабиниҳо оид ба омодагии ҷангӣ бо иштироки ҷузъу том ва воҳидҳои ҳарбии Озарбойҷон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машқҳои низомӣ баргузор мешаванд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Қазоқистон хабар медиҳад. “Имсол дар қаламрави давлати мо машқҳои низомии бузургмиқёс бо иштироки 5 кишвар баргузор мешаванд, ки бояд дар сатҳи баланди тадорукотӣ […]

Asia-Plus

Дар Қазоқистон соли 2024 дар доираи чорабиниҳо оид ба омодагии ҷангӣ бо иштироки ҷузъу том ва воҳидҳои ҳарбии Озарбойҷон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон машқҳои низомӣ баргузор мешаванд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Қазоқистон хабар медиҳад.

“Имсол дар қаламрави давлати мо машқҳои низомии бузургмиқёс бо иштироки 5 кишвар баргузор мешаванд, ки бояд дар сатҳи баланди тадорукотӣ гузаронида шаванд. Барои мо нигаҳдории муносибатҳои дӯстона байни халқҳои бародар хеле муҳим аст”, – гуфтааст вазири мудофиа Руслан Жаксиликов.

Муовини аввали вазири мудофиа – сардори Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳ генерал-лейтенант Марат Хусаинов машқҳоро муҳим ва аҳаммиятнок арзёбӣ кардааст.

“Дар соли 2024 зиёда аз 160 чорабинии фаврӣ ва беш аз 70 ҳазор – чорабинии омодагии ҷангӣ ба нақша гирифта шудааст. Бештар муҳим аз онҳо машқҳои “Бирлистик” мебошад, ки ба он Неруҳои ҳарбии баҳрӣ, Неруҳои ҳарбии ҳавоӣ, Неруҳои амалиёти махсуси фармондеҳии минатқавии “Ғарб” (Запад) ва ҷузъу томҳои ҳарбии Озарбойҷон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷалб карда мешаванд”, – изҳор доштааст вай.

Ғайр аз ин, тибқи маълумоти Вазорати мудофиа, дар доираи ҷашни 100-солагии генерал Сагадат Нурмагамбетов бори нахуст Чемпионат оид ба гӯштини миллии қазоқӣ байни хизматчиёни ҳарбии ИДМ доир мегардад.

Дар бораи вақти баргузории машқҳои низомӣ ва мусобиқаи варзишӣ мушаххасан хабар дода нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.