Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқа, пас аз сафар ба вилояти Хатлон, водии Ҳисор ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, инак барои санҷиши мавҷи алоқаву суръати интернет ба вилояти Суғд рафт, вале ҳамоно муштариён аз вазъи нохуби алоқаву интернет шикоят доранд.
Ба иттилои сомонаи Хадамоти алоқа, Бег Сабур бо мақсади шиносоӣ бо вазъи хадамоти алоқаи мобилӣ ва аз наздик огоҳ шудан бо мушкилоти ҷойдошта ба ноҳияҳои Варзобу Айнӣ ва шаҳри Панҷакент сафар кард.
“Дар рафти сафарӣ корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мазкур Бег Сабур аз чандин истгоҳи базавии алоқа боздид карда, бо сокинони маҳаллӣ низ вохӯрӣ анҷом дод. Ин вохӯриҳо бо ҳузури намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва масъулини онҳо дар минтақаҳо сурат гирифта, сокинон арзу шикоятҳои худро мустақиман ба онҳо расониданд”, – менависад манбаъ.
Сардори Хадамоти алоқа бо огоҳ шудан аз ҳолати воқеӣ ва шунидани арзу шикоятҳои муштариён, масъулини оператрони мобилиро муваззаф сохтааст, ки барои ҳарчӣ зудтар бартараф намудани норасоии мавҷи алоқаи мобилӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
“Бо вуҷуди он ки шароити ҷуғрофии ин минтақаҳо барои пурра ва бо сифати баланд таъмини фарогирии алоқаи мобилӣ монеаҳои хоси худро дорад, аммо дар идомаи ислоҳоти соҳаи алоқа дар кишвар, фарогирии мавҷи алоқаи мобилӣ дар тамоми ҷамоату деҳаҳо дар фурсатҳои наздик таҳким ёфта, сатҳу сифати он беҳтар мешавад”, – ваъда додааст Бег Сабур.
Намояндагони ширкатҳои мобилӣ ба сардори Хадамоти алоқа аз корҳои амалие, ки дар соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои мазкур анҷом доданд, ҳисобот дода, нақшаҳоро барои таҷдиду навсозии истигоҳҳои базавии алоқаи мобилӣ дар ноҳияи Варзоб ва водии Зарафшон дар соли 2024 муаррифӣ кардаанд.
Дар ҳошияи ин сафари корӣ дар минтақаҳои гуногуни ноҳияи Варзоб ва водии Зарафшон мониторинги сифати алоқаи мобилӣ гузаронида шуд. Санҷиши техникии сифат ва фарогии алоқаи мобилиро мутахассисони Хадамоти алоқа, КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг” якҷо бо намояндагони операторони мобилӣ дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ ва Панҷакент анҷом додаанд.
Бояд гуфт, шурӯъ аз моҳи октябри соли 2023 хабарҳо дар бораи беҳтар кардани интернет зиёд шуд. Он вақт Бег Сабур бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ вохӯрда, нигаронии худро аз нарху сифати интернет иброз дошт ва барои шинос шудан бо вазъи интернет ба минтақҳо рафт.
Ҳамчунин, баъди 8 сол ба ду ширкат – ҶСП “ТТ Мобайл” (МегаФон Тоҷикистон) ва ҶСП “Индиго Тоҷикистон” (Tcell) то соли 2027 барои вуруди интернет ба Тоҷикистон иҷозатнома дод. То ин замон танҳо “Тоҷиктелеком”, ниҳоди зертобеи Хадамоти алоқа иҷозаи ворид ва фурӯши интернетро дошт.
Баъдан Бег Сабур ҳамроҳ бо масъулини соҳа ба шаҳру ноҳияҳо гуногуни вилояти Хатлон ва тобеи ҷумҳурӣ сафар карда, ба иттилои нашрмекардаи худи ин ниҳод, бо сатҳу сифати хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ шинос шуд.
Аммо аз рафти ҳамаи ин сафарҳояш ягон акс расонаӣ нагардид.
Аз сӯи дигар, аҳолӣ ҳамоно аз сифати интернет ва мавҷи алоқаи мобилӣ шикоят доранд. Як пурсиши “Азия-Плюс” маълум кард, ки 85 дарсади пурсидашудагон аз суръати интернет норозӣ ҳастанд.
Дар радабандии “Speedtest Global Index” ҳам аз рӯи суръати интернети ноқилӣ ва мобилӣ, бо назардошти маълумоти моҳи август ва ноябри соли 2023, Тоҷикистон бо суръати боргирӣ (скачивание)-и 9.61 Мб/с ва боргузорӣ (загрузка)-и 5.71 Мб/с. дар ҷойи 139-ум (байни 145 кишвари ҷаҳон) аст. Суръати интернети мобилӣ дар кишвар 9,35 Мбит/с будааст, ки дар як радиф бо Куба, Яман, Сурия ва Афғонистон қарор дорад.
Аз рӯи суръати интернети ноқилӣ дар байни 181 кишвари ҷаҳон бо суръати миёнаи зеркашӣ 90,21 Мб/с ва боргузорӣ 41,18 Мб/с дар ҷои 125-ум қарор дорад.


