Аҳдномаи театрҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон. Сафари ҳунармандони тоҷик ба Тирмизу Самарқанд

Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутии Тоҷикистон ва Театри вилоятии драмавии мусиқии шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон миёни ҳам аҳднома (меморандум) ба имзо расониданд ва аз ин пас ин ду театр ҳамкории эҷодиро ба роҳ мемонанд. Абдукарими Машраб, директори Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ зимни сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ин аҳднома дар пайи сафари […]

Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутии Тоҷикистон ва Театри вилоятии драмавии мусиқии шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон миёни ҳам аҳднома (меморандум) ба имзо расониданд ва аз ин пас ин ду театр ҳамкории эҷодиро ба роҳ мемонанд.

Абдукарими Машраб, директори Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ зимни сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ин аҳднома дар пайи сафари ҳунармандони театри мазкур ба Ӯзбекистон баста шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи равобит ва ҳамкориҳои дӯстонаи ду кишвар ҳунармандони Театри Лоҳутӣ аз 12 то 16-уми январ ба шаҳрҳои Тирмиз ва Самарқанд Ӯзбекистон рафтаанд.

Дар доираи ин сафар, Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ бо Театри вилоятии драмавии мусиқии шаҳри Самарқанд аҳднома ба имзо расонид. Ин аҳдномаро роҳбарияти ду театр Абдукарим Машраб ва Искандар Султонов имзо кардаанд.

“Бо имзои аҳднома тасмим гирифта шуд, ки аҳли ҳунари ду муассисаи эҷодӣ дар оянда бо анҷом додани сафарҳои ҳунарӣ аз ҳаёту фаъолияти эҷодии якдигар огоҳ гашта, таҷрибаи якдигарро мавриди омӯзиш ва истифода қарор диҳанд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Абдукарими Машраб зикр кард, инчунин намоишномаи “Баъди мурдан хоҳ биёӣ, хоҳ наё”-и драматурги ӯзбек Хурсанд Холиқов, ки саркоргардонии театр Султон Усмонов таҳия кардааст, дар театрҳои Самарқанду Сурхандарё бо забони тоҷикӣ ба саҳна гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло байни Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Театри давлатии академии калони Ӯзбекистон ба номи Алишер Навоӣ ва Театрҳои лӯхтаки Душанбе ва Тошканд ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.