“Меҳмон ҳастанд, на паноҳанда!”. Вокуниши мақомот ба гуреза шудани “фаластиниён” ба Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон хабари гуреза шуда, ба Душанбе омадану ба кумаки моддӣ ниёз доштани “шаҳрвандони Фаластин”-ро бардурӯғ хонда, ин қазияро шарҳ доданд. Чанд рӯз инҷониб дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое интишор шудаву давр мезананд, ки гӯё як оила аз Фаластин гуреза шуда, ба Тоҷикистон омадаанд ва ба онҳо паноҳандагии Тоҷикистон дода шудааст. Инчунин, гуфта мешавад, ки ин […]

Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон хабари гуреза шуда, ба Душанбе омадану ба кумаки моддӣ ниёз доштани “шаҳрвандони Фаластин”-ро бардурӯғ хонда, ин қазияро шарҳ доданд.

Чанд рӯз инҷониб дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое интишор шудаву давр мезананд, ки гӯё як оила аз Фаластин гуреза шуда, ба Тоҷикистон омадаанд ва ба онҳо паноҳандагии Тоҷикистон дода шудааст. Инчунин, гуфта мешавад, ки ин оилаи фаластинӣ ба кумак эҳтиёҷ доранд.

Раёсати ВКД дар Душанбе бар ин хабар вокуниш карда, гуфт, паноҳанда шудани шаҳрвандони Фаластин дар Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад.

“Шаҳрвандоне, ки дар расмҳои нашргардида инъикос ёфтаанд, аъзои як оила буда, зодагони давлати шоҳигарии Урдун мебошанд, ки ба Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ омадаанд”, – шарҳ додааст РВКД дар Душанбе.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷониби кормандони милитсия ба ин оила раҳнамоиҳои ҳуқуқӣ расонида шудааст.

Дар ин баробар, муайян карда шудааст, ки “онҳо бо меҳмонхона ва ҳамаи лавозимоти зарурӣ таъмин буда, ба кӯмаки моддӣ эҳтиёҷ надоранд”.

Ёдовар мешавем, ки то инҷониб аксаран шаҳрвандони Афғонистон ба Тоҷикистон гуреза шуда меомаданд ва аз кишвари мо паноҳандагӣ мехостанд. Ин аз камтарин ҳолатҳоест, ки шаҳрвандони кишварҳои арабӣ ба Тоҷикистон гуреза мешаванд ва ин ҳолат ҳам ҳоло аз сӯи мақомоти Тоҷикистон рад карда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио