Дар Душанбе намоишгоҳи рассом Исуф Сангов ифтитоҳ гардид

Дирӯз, 25-уми январ, дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳи рассоми тоҷик Исуф Сангов таҳти унвони “Роҳи паймуда” ифтитоҳ гардид. Намоишгоҳ бо ташаббуси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн ва бо дастгирии оилаи рассом ташкил шудааст. Дар умум, дар намоишгоҳ 54 мусаввараи рассом, ки ғолибан солҳои охир тасвир ёфтаанд, ба маъраз гузошта шудаанд. […]

Дирӯз, 25-уми январ, дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоишгоҳи рассоми тоҷик Исуф Сангов таҳти унвони “Роҳи паймуда” ифтитоҳ гардид.

Намоишгоҳ бо ташаббуси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн ва бо дастгирии оилаи рассом ташкил шудааст.

Дар умум, дар намоишгоҳ 54 мусаввараи рассом, ки ғолибан солҳои охир тасвир ёфтаанд, ба маъраз гузошта шудаанд.

Намоишгоҳи мазкур аҳли зиёи кишвар, дӯстону ҳамкорони рассом ва ошиқони зебоиву санъатро ба ҳам овард. Ҳозирин оид ба нақши муҳимми Исуф Сангов дар рушди санъати тасвирии кишвар ва рангорангии тасвирҳои ӯ ҳарф зада, саҳми мусаввирро дар таълими насли нави рассомони тоҷик махсус қайд намуданд. 

Исуф Сангов Арбоби ҳунари Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ буда, бештар бо лавҳаҳои кошинкории худ, ки намои биноҳои Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе ва Суди конститутсионии ҷумҳуриро оро медиҳанд, маъруф аст.  

Намоишгоҳ тӯли як моҳ идома ёфта, ҳамарӯза, аз душанбе то шанбе, дар соатҳои кории донишкада кушода аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.