Муҳсин Муҳаммадиев: “Ин барор ё тасодуф нест, балки ғалабаи арзандаи дастаи Тоҷикистон аст”

 “Мо дида истодаем, ки даста хуб бозӣ мекунад… Тоҷикистон ба бозии худ даст ёфт”, – гуфтааст дар мусоҳиба ба хабаргузории “Фергана” Муҳсин Муҳаммадиев, ноиби президенти тими “Истиқлол”-и Душанбе, собиқ бозигари “Помир”, “Спартак”-и Маскав ва мунтахаби Тоҷикистон пас аз ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани футболбозони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё. Ба гуфтаи ӯ, пеш аз […]

Asia-Plus

 “Мо дида истодаем, ки даста хуб бозӣ мекунад… Тоҷикистон ба бозии худ даст ёфт”, – гуфтааст дар мусоҳиба ба хабаргузории “Фергана” Муҳсин Муҳаммадиев, ноиби президенти тими “Истиқлол”-и Душанбе, собиқ бозигари “Помир”, “Спартак”-и Маскав ва мунтахаби Тоҷикистон пас аз ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани футболбозони тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё.

Ба гуфтаи ӯ, пеш аз бозии минбаъда (2 феврал бо тими Урдун) барои футболбозони тоҷик муҳим аст, ки пас аз бозии вазнину мушкил худро барқарор кунанд.

“Ба ҳар ҳол футболбозон бо назардошти вақти иловагӣ 140 дақиқа бозӣ карданд, хеле қувва сарф карданд”, – иброз доштааст Муҳаммадиев.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки барои дастаи Тоҷикистон ин ғалабаи арзанда аст.

“Рӯҳияи футболбозон хуб ва қавӣ аст. Лаззати пирӯзиро чашиданд. Ва ғалабаи арзанда ҳам ҳаст. Мо шоҳиди он будем, ки мунтахаби Тоҷикистон нисбат ба ҳарифон бештар лаҳзаҳои хавфнок ба амал меовард. Аз ин рӯ, ин ҷо дар бораи ягон барор ё тасодуф сухан намеравад. Ҳамаи ин натиҷаи кори вазнин аст”, – гуфтааст Муҳаммадиев.

Ӯ ҳамчунин ба мухлисони дастаи Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя изҳори миннатдорӣ кардааст.

“Самимиятро эҳсос мекунам. Аз чунин дастгирӣ хеле хурсандам. Ташаккури зиёд ба мухлисон аз Қирғизистону Қазоқистон ва Ӯзбекистон. Мо ҳам аз самими дил ба мунтахабҳои ин кишварҳо мухлисӣ мекунем. Ҳамин тавр ҳам бояд бошад”, – гуфтааст ӯ.

Ёдрас мекунем, ки дар даври 1/8 финалии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон Амороти Муттаҳидаи Арабро шикаст дода, ба даври 1/4 финалӣ роҳ ёфт. Дар ин давр футболбозони тоҷик бо тими Урдун, ки бар дастаи Ироқ бо ҳисоби 3:2 дастболо шуд, бозӣ мекунанд. Ин бозӣ рӯзи 2 феврал баргузор мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.