Ноҳияи Панҷ: заминҳои наздиҳавлигии сокинон зери обу лойқа монданд

Дар ноҳияи Панҷ бар асари боронҳои шадид сел омада, ба хонаҳо ва қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинон осеб расонид. Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷамоати деҳоти Намуна сел 8 хонаи истиқоматӣ ва 3 заминҳои наздиҳавлигии сокинонро аз лойқа пур кардааст. Ҳамчунин дар қаламрави ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов, деҳаи Пахтакор ба […]

Дар ноҳияи Панҷ бар асари боронҳои шадид сел омада, ба хонаҳо ва қитъаҳои замини наздиҳавлигии сокинон осеб расонид.

Тавре ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ҷамоати деҳоти Намуна сел 8 хонаи истиқоматӣ ва 3 заминҳои наздиҳавлигии сокинонро аз лойқа пур кардааст.

Ҳамчунин дар қаламрави ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов, деҳаи Пахтакор ба 10 хона ва 33 заминҳои наздиҳавлигӣ, дар маҷмуъ ба 36,6 га заминҳои хоҷагии деҳқонӣ обу лойқа даромада, қисман зарар расонидааст.

Ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Озодагон сатҳи оби канали Келенчи-2 баланд гардида, дар натиҷа ба 2 хонаи истиқоматӣ ва дар маҳаллаи  Қушқия ба 6 хонаи истиқоматӣ ва 2 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон обу лойқа ворид карда, қисман зарар расонидааст.

Гуфта мешавад, дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи кории Кумита фаъолият дорад ва ҳаҷми зарари расида ва ёриҳои эҳтимолӣ ба зарардидагонро мушаххас мекунад.

Зимнан зикр мегардад, ки хушбахтона, ин селҳо талафоти ҷониву хисороти дигар надоштанд.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, то 4 феврал дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои номусоид дар назар буда, болоравии сатҳи об дар дарёҳо ва ҳодисаҳои тармафароиву сел аз эҳтимол дур нест.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.