Дар маҷмуъ, 5% зиёд, вале ба Афғонистон 5% кам. Далер Ҷумъа ҳаҷму нархи фурӯши нерӯи барқ ба Афғонистонро нагуфт

Asia-Plus

Тоҷикистон дар соли гузашта ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон 2,7 млрд кв/соат барқ содир кардааст, ки ин нисбат ба соли 2022-юм 5 дарсад бештар аст. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва зихираҳои оби Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод рӯзи 1-уми феврал хабар дод.

Номбурда ҳаҷми маблағе, ки аз ҳисоби барқ Тоҷикистон ба даст овардааст нагуфт ва онро ба сири тиҷоратӣ рабт дод.

Вай афзуд, Тоҷикистон дар соли 2023 ба Афғонистон нисбати соли 2022-юм 5 дарсад камтар барқ содир кардааст, вале аз омори мушаххас ном набурд. Ӯ нагуфт, ки соли гузашта ба Афғоинстон чӣ миқдор барқ содир карда шуд, чӣ қадар маблағ ба даст омадааст.

“Брешно” ҳамаи қарзашро пардохт кардааст

Далер Ҷумъа гуфт, ширкати "Брешнои Афғонистон" ҳамаи қарзҳои худро аз истифодаи барқ ба Тоҷикистон пардохт кард ва байни ин ширкат ва “Барқи тоҷик” ҳоло мушкили ҷиддии тиҷоратӣ нест. Ӯ аз омори мушаххасе ном наовард.

Тобистони соли 2022, раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода гуфта буд, ки қарзи ширкати “Брешно”-и Афғонистон 28 млн долларро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон як моҳ пеш барои интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистони зери итоати гурӯҳи "Толибон" дар соли 2024 розӣ шудааст.

Санад аз ҷониби роҳбари ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) Мулло Муҳаммад Ҳаниф Ҳамза ва раиси ҶСК “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода дар моҳи декабри соли гузашта дар Туркия ба имзо расид.

Дар хабари DABS гуфта мешавад, зимни вохӯрӣ дар Туркия ҷонибҳо ҳамчунин имкони сохтмони хати нави интиқоли барқ бо шиддати 500 кВ-ро барои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон баррасӣ карданд. Дигар ҷузъиёти масъала дар хабар зикр нашудааст.

Соли 2008 Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи интиқоли барқ аз Тоҷикистон дар давраи то соли 2028 созишнома ба имзо расониданд. Охири ҳар сол ҷонибҳо протоколи иловагӣ ба имзо мерасонанд, ки дар он ҳаҷми интиқоли барқ барои соли минбаъда ва нархи он муайян карда мешавад.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, моҳи ноябр аз ҷумҳурӣ ба Афғонистон ба маблағи зиёда аз 1,9 млн доллар нерӯи барқ интиқол дода шудааст, ки 46% бештар нисбат ба моҳи пешин мебошад.

Дар маҷмӯъ, соли 2023 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 107,7 млн доллар нерӯи барқ содир шудааст, ки қариб 5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Қаблан дар ҶСК “Барқи тоҷик” изҳор дошта буданд, ки содироти барқ ба Ӯзбекистон танҳо дар давраи тобистон сурат мегирад, ба Афғонистон бошад, ҳамчунин дар давраи тирамоҳу зимистон низ амалӣ мешавад, лекин дар ҳаҷми начандон зиёд “танҳо барои коршоям нигоҳ доштани иншооти зерсохтор”, чунки дар давраи сармо дар дохили худи ҷумҳурӣ норасоии шадиди барқ эҳсос мешавад.

Вазири энергетика: “Ба Қазоқистон ҳам барқ фурӯхтем”

Далер Ҷумъа дар нишасти имрӯза бори дигар таъкид кард, ки содироти барқ танҳо дар фасли гармо сурат мегирад ва дар тирамоҳу зимистон ба хориҷи кишвар барқ содир намешавад.

Ӯ гуфт, ҳоло барқи Тоҷикистон ба ғайр аз Афғонистону Ӯзбекистон ба Қазоқистон низ содир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар нишасти матбуотии моҳи январи соли гузашта низ Далер Ҷумъа ва Маҳмадумар Асозода, роҳбари ширкати “Барқи тоҷик”дар бораи ҳаҷми фурӯши барқ ба Афғонистон ва маблағи он маълумот пешниҳод накарда буданд. Онҳо танҳо ишора карда буданд, ки содироти барқ ба ин кишвар мавсимӣ буда, аз моҳи май то сентябр амалӣ карда мешавад.

“Ҳар як шартнома паҳлӯҳои тиҷоратии худро дорад ва мо дар бораи баъзе масъалаҳои тиҷоратӣ иловатан маълумот пешкаш менамоем”, – гуфт вазири энергетика.

Ин дар ҳолест, ки солҳои пештар ҳаҷму нархи нерӯи барқ, ки аз ҷониби Тоҷикистон ба ширкати “Брешно” фурӯхта мешуд, пӯшида набуд ва масъулин онро ба рӯзноманигорон ироа мекарданд. Маълум нест, ки чаро ин иттилоъро имсол мақомоти Тоҷикистон пешниҳод намекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...