Рустами Эмомалӣ барои тамошои рақобати тимҳои миллии Тоҷикистон ва Урдун ба Қатар меравад

Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар барои тамошои бозии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол бо мунтахаби Урдун, ки имрӯз, 2-юми феврали соли 2024, дар доираи марҳилаи чорякниҳоӣ баргузор мегардад, ба Қатар меравад. Дар ин бора телеграм-канали шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад. Бозии мазкур дар варзишгоҳи […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Рустами Эмомалӣ, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар барои тамошои бозии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол бо мунтахаби Урдун, ки имрӯз, 2-юми феврали соли 2024, дар доираи марҳилаи чорякниҳоӣ баргузор мегардад, ба Қатар меравад. Дар ин бора телеграм-канали шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад.

Бозии мазкур дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа, соати 14:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 16:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Барои мухлисӣ аз тими миллии Тоҷикистон дар ин рақобат субҳи имрӯз беш аз 60 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд бо дастгирии роҳбарияти вилоят ва шаҳр ба Қатар парвоз кардаанд. Дар ин бора Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ дод.

Ҳамчунин, ба навиштаи ӯ, “имрӯз бо дастгирии ФФТ наздики 1000 нафар мухлисон аз гӯшаву канори кишвар ба Қатар бо 3 тайёра парвоз мекунанд”.

Ёдовар мешавем, ки дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё мунтахаби Тоҷикистон бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб (1:1 ва 5:3 аз рӯи пеналтӣ) ғолиб омад, тими Урдун бошад бар Ироқ (3:2) ғалаба кард.

Қобили зикр аст, ки тимҳои миллии Тоҷикистон ва Урдун дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар як гурӯҳ бозӣ мекунанд.  Дастаҳо 16-уми ноябр дар Душанбе бо ҳам вохӯрданд. Он вохӯрӣ мусовӣ — 1:1 анҷом ёфт.

Бояд гуфт, ки бозии дигари даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё вохӯрии Австралия ва Кореяи Ҷанубӣ рӯзи 2-юми феврал соати 20:30 оғоз мешавад.

Рӯзи 3-юми феврал дар ин марҳилаи мусобиқот Эрон – Ҷопон (16:30) ва Қатар – Ӯзбекистон (20:30) бозӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.