“Беш аз 1,5 ҳазор омӯзгор аз муҳоҷират баргашт”. Ҳоло дар мактабҳои Тоҷикистон ҳудуди 300 нафар омӯзгор намерасад

Норасоии омӯзгорон дар мактабҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба маротиб кам шудааст ва дар ҳоли ҳозир ҳудуди 300 нафарро ташкил медиҳад. Беш аз 1,5 ҳазор омӯзгор, ки аз кор рафта буданд, дубора ба кор баргаштаанд. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ӯ гуфт, дар соли таҳсили 2023-2024 […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Норасоии омӯзгорон дар мактабҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба маротиб кам шудааст ва дар ҳоли ҳозир ҳудуди 300 нафарро ташкил медиҳад. Беш аз 1,5 ҳазор омӯзгор, ки аз кор рафта буданд, дубора ба кор баргаштаанд. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, дар соли таҳсили 2023-2024 мактабҳои кишвар ба 4 ҳазору 353 омӯзгор эҳтиёҷ доштанд. Ин омор нисбат ба соли таҳсили 2022-2023-юм 947 нафар зиёд буд.

“Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ дар соли 2023 дар 14 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (литсейю коллеҷҳо) ва 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (донишкадаву донишгоҳҳо) тақсимоти мутахассисони ҷавон гузаронида шуд”, – гуфт вазири маориф ва илм.

Ба гуфтаи Раҳим Саидзода, дар асоси тақсимоти мазкур 3 ҳазору 432 ба мактабҳо сафарбар гардиданд. Аз ин теъдод 669 нафар тибқи квотаи президент таҳсил кардаанд.

Аммо аз онҳо ҳамагӣ 2 ҳазору 386 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуданд, ки тақрибан 70 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар ин баробар, 1 ҳазору 537 нафар омӯзгор дар мактабҳои Тоҷикистон, ки бо сабабҳои гуногун аз кор рафта буданд, дубора ба кор оғоз кардаанд. Дар ин робита як манбаъ аз вазорат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки як теъдоди зиёди ин омӯзгорон аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ватан баргаштанд ва кори омӯзгориро оғоз намуданд.

Инчунин, ҳудуди 130 нафар омӯзгорони зан аз “декрет” ба кор баргаштаанд.

Ба гуфтаи вазири маориф ва илм, айни замон дар макотиби миёнаи кишвар ҳудуди 300 нафар омӯзгор намерасад.

Инчунин, бо фармоиши вазири маориф ва илм, 2 ҳазору 170 нафар донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5-уми ихтисоси барои таҷрибаомӯзӣ ба мактабҳои кишвар фиристода шудаанд. Онҳо дар ҳисоби кадрии омӯзгорон ворид намешаванд, вале ба муддати 1 сол дар мактабҳо дарс медиҳанд.

Таъкид гардид, ки мушкили нарасидани омӯзгорон тадриҷан ҳалли худро ёфта истодааст ва вазорат барои ҳалли он чораандешӣ мекунад.

Раҳим Саидзода гуфт, дар ҳоли ҳозир дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 128 ҳазор омӯзгор кор мекунанд, ки 72 дарсади онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати кишвар ҳамасола маблағгузории соҳаи маорифро афзоиш медиҳад: дар буҷети давлатии соли 2024-ум 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ барои соҳаи маориф пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 1 миллиарду 21 миллион сомонӣ ё 12,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.