Воқеияти бисёрникоҳӣ. Дин тарғиб намекунад, қонун манъ кардааст, он ба кӣ даркор?

Дар ҷомеаи Тоҷикистон бисёрникоҳӣ, дақиқтараш, аз ҷиҳати шаръӣ зиёда аз як зан доштани мард, ҳодисаи нав нест. Ҳарчанд ин амал зидди қонунҳои амалкунандаи кишвар аст, аммо мардон ин қонуншикании худро ба иҷозат додани дини ислом рабт медиҳанд. Мо тасмим гирифтем фаҳмем, ки дар асл гап сари чист ва дар ин масъала динҳои дигар чӣ мавқеъ […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Дар ҷомеаи Тоҷикистон бисёрникоҳӣ, дақиқтараш, аз ҷиҳати шаръӣ зиёда аз як зан доштани мард, ҳодисаи нав нест. Ҳарчанд ин амал зидди қонунҳои амалкунандаи кишвар аст, аммо мардон ин қонуншикании худро ба иҷозат додани дини ислом рабт медиҳанд. Мо тасмим гирифтем фаҳмем, ки дар асл гап сари чист ва дар ин масъала динҳои дигар чӣ мавқеъ доранд?

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон барои бунёди оила қайди САҲШ ҳатмист. Аз ин ҷост, ки занҳои дуюму ҳатто сеюм расман дар ҷое сабт намешаванд. Дар натиҷа, мушкилоти ҳуқуқии онҳо ҳам пеш меояд.

“Танзими ҳуқуқии бисёрзанӣ бо қонун мушкил аст”

Ҳуқуқшиносон таъкид мекунанд, ки дар ҳолати ошкор шудани бисёрникоҳӣ мард ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Хабарҳое низ гоҳ- гоҳ паҳн мешаванд, ки мардонеро барои дузанагӣ муҷозот кардаанд. Зеро дар моддаи 33-и Конститутсияи Тоҷикистон қотеона гуфта шудааст: “Бисёрникоҳӣ манъ аст!”.

Дар моддаи 170-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагонӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ, бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то дусол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷсол ҷазо дода мешавад”.

Аз тарафи дигар, ҳарчанд барои бисёрзанӣ ҷавобгарии ҷиноӣ таъин шудааст, вале ба андешаи ҳуқуқшинос Садриддин Саидов, зикри “бо ду ё якчанд зан зиндагонӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ” дар Кодекси ҷиноятӣ ҳолатро печида мекунад.

“Дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашидани марде, ки дар никоҳаш зиёда аз як зан дорад, хеле ҷараёни мураккаб аст. Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки чунин никоҳҳо дар ягон идораи давлатӣ ба қайд гирифта намешаванд. Баъдан, дар аксари ҳолатҳо “пешбарии хоҷагии умумӣ” дида намешавад. Бинобар ин, пешгирии бисёрникоҳӣ бо қонун хеле мушкил аст. Ин бештар масъалаи ахлоқ аст”, – мегӯяд Садриддин Саидов.

Бисёрзанӣ суннат нест!

Аммо онҳое ҳам кам нестанд, ки бисёрзаниро суннати Паёмбар Муҳаммад (с.а.в.) маънидод карда, бандҳои қонунгузориро сарфи назар мекунанд.

Ба андешаи Исоқҷон Бегматов, рӯҳонии тоҷик, бисёрзанӣ дар ислом суннат (қавл, феъл ва тақрири паёмбар (с)-ро дар умури шаръӣ суннат мегӯянд ва он ба ин маъно пас аз Қуръон аз далелҳои чаҳоргонаи шаръ ба шумор меравад) нест, вале одамоне ҳастанд, ки ояти 3-юми сураи “Нисо”-и Қуръонро нодуруст мефаҳманд.

“Бисёрзанӣ дар ислом суннат не, мубоҳ (раво) аст. Ислом иҷозат медиҳад, ки мард зиёда аз як зан гирад, вале ин ҳаргиз суннат нест. Ҳар коре, ки Паёмбар кардааст, суннат намешавад. Паёмбар хоб кардаанд, ин суннат нест, ё хӯрок хӯрдаанд, ин ҳам суннат нест. Бисёрзанӣ танҳо иҷозат дода шудааст, он ҳам бо чанд шарт. Шарти асосӣ таъмини баробарӣ байни занҳо. Риоя кардани адлу адолат байни онҳо қариб ғайриимкон аст. Бинобар ин хуб, мешуд ба як зан қаноат кунанд”, – мегӯяд ин рӯҳонӣ.

Динҳои дигар дар ин мавзӯъ чӣ мавқеъ доранд?

Ба андешаи Надежда Краснова, роҳбари калисои масеҳии “Истгоҳи наҷот” дар вилояти Суғд дини онҳо танҳо ба якникоҳӣ даъват мекунад.

“Дар таълимоти ягон равияи дини масеҳӣ даъват ба бисёрникоҳӣ ё тарғиби он дида намешавад. Махсусан, равияи протестантӣ марду занро баробар мебинад ва даъват мекунад, ки онҳо ҳуқуқи якдигарро эҳтиром кунанд”, – мегӯяд ӯ.

Фируза Шамсиева, намояндаи дини баҳоӣ ҳам мегӯяд, ин дин бисёрзаниро иҷозат намедиҳад.

“Дар таълимоти “Китоби Ақдас” бо он мазмун омадааст, ки “чун нисбати ду зан одилона ва холисона будан комилан ғайриимкон аст, ба мард иҷозат дода намешавад, ки зиёда аз як зан гирад”, – зикр мекунад Фирӯза Шамсиева.

Ислом низ бисёрзаниро тарғиб намекунад

Саидваққос Қорихонов, диншиноси тоҷик ба ин назар аст, ки аксари динҳои ҷаҳонӣ ба якникоҳӣ даъват мекунанд ва дар ислом ҳам даъват ба бисёрникоҳӣ нест.

“Дуруст, дар ислом то чор зан гирифтан иҷозат аст, аммо барои бартараф кардани ягон мушкили иҷтимоӣ. Масалан, замони пайдоиши ислом бо сабаби норасоии мардҳо ва истифода аз ҳолати осебпазирии занҳо дар асри VII-и мелодӣ. Вале шарт ин аст, ки “агар метарсед адолатро дар байни ҳамсарон риоя накунед, танҳо як ҳамсар бигиред”. Яъне, гуфтан мумкин нест, ки ислом бисёрникоҳиро тарғиб мекунад”, – мегӯяд ӯ.

Ду воқеияти бисёрзанӣ

Ислом, ки аксари кулли сокинони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, бисёрзаниро иҷозат медиҳад, аммо тарғиб намекунад, давлат бошад, бисёрникоҳиро қонунан манъ кардааст. Воқеият ин аст, ки дар Тоҷикистон мардони зиёде ду ё зиёда аз он зан гирифтаанд.

Дар ин миён кӯдаконе, ки аз никоҳҳои ғайрирасмӣ, яъне бидуни қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти давлатӣ, ба дунё омадаанд, дар дуроҳа қарор мегиранд. Дар аксар ҳолат ҳуқуқҳои онҳо пурра ҳифз намешаванд. Ва ин ҳама дар ҳоле, ки кӯдакон ҳеҷ гуноҳе надоранд. Ин воқеияти дигари талхе, ки набояд нодида гирифт.

Пас бояд сари дузанагӣ ва пайомадҳои он ҷиддан андешид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио