Оғози насби “радар”-ҳои худкор дар роҳҳои Душанбе. Кормандони БДА кам мешаванд?

Дар шаҳри Душанбе насби суръатёб (радар)-ҳои худкор оғоз шудааст, ки 19 намуди қоидавайронкунӣ аз ҷониби ронандаҳоро ба навор гирифта, ба пойгоҳи ягона ирсол мекунад. Чунин таҷҳизот дар роҳҳои Душанбе ва гирду атрофи он беш аз 6 ҳазор адад насб мешавад. Дар ин бора аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе насби суръатёб (радар)-ҳои худкор оғоз шудааст, ки 19 намуди қоидавайронкунӣ аз ҷониби ронандаҳоро ба навор гирифта, ба пойгоҳи ягона ирсол мекунад. Чунин таҷҳизот дар роҳҳои Душанбе ва гирду атрофи он беш аз 6 ҳазор адад насб мешавад. Дар ин бора аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Давоми чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯйхати чанд макони пойтахт ва гирду атрофи он нашру паҳн гардид, ки ба гуфтаи корбарон, дар онҳо суръатёби худкор насб мешавад ва қоидавайронкунии ронандагонро ба навор гирифта, дар як пойгоҳ ҷамъ меорад.

Ба гуфтаи манбаъи мо, ҳадафи насби таҷҳизот таъмини бехатарии ҳаракат дар ҷодаҳо, кам кардани кормандони БДА ва ҳамин тариқ коҳиши дахолати инсонӣ дар ҳаракати нақлиёт мебошад.

Чанде пештар Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон фармонеро ба имзо расонид, ки дар асоси он 30 дарсади кормандони БДА ихтисор карда мешаванд. Иҷрои ин фармон оғоз шудааст ё не, ҳоло маълум нест. Дар гузашта президент фаъолияти БДА-ро интиқод карда, роҳбари онро иваз карда буд.

Суръатёб дар чорроҳаҳо, терминалҳои мусофиркашонӣ, истгоҳҳо, даромадгоҳҳои шаҳр ва ҷойҳое, ки равуои маошинҳо зиёд аст насб мешаванд. Шумораи умумии онҳо танҳо дар пойтахт зиёд аз 6 ҳазор мебошад. Ин таҷриба дар дигар минтақаҳои кишвар истифода мешавад ё не, маълум нест.

“Онҳо 19 намуди қоидавайронкуниҳои ҳаркат дар роҳро ба қайд мегиранд. Ин қоидавайронкуниҳо аз набастани тасмаи бехатарӣ, таваққуф дар роҳи дуввуму сеюм, баромадан ба самти муқобил, халал расонидан ба дигар воситаҳои нақлиёт, таваққуф дар назди истигоҳҳо, ки ба нақлиёти ҷамъиятӣ монеъ эҷод мекунанд ва ғайра, иборат аст. Ҳоло танҳо корҳои насби таҷҳизот идома дорад. Вақте ҳамаи камераҳо насб шуд, баъд ба фаъолият оғоз мекунад. Шояд корҳои насбу пайвасткунӣ як сол ё зиёдтарро дар бар гирад”, – гуфт ҳамсуҳбати мо аз БДА-и шаҳри Душанбе.

Вале як манбаъи дигар аз БДА гуфт, ҳудуди 10 адади он ба таҷҳизоти марказӣ пайваст буда, ба таври санҷишӣ фаъолият доранд.

Вай афзуд, ин таҷҳизот дар якҷоягӣ бо лоиҳаи “Шаҳри ҳушманд” амалӣ мешавад ва ин ба лоиҳаи “Шаҳри бехатар” рабте надорад. Дар ҷойҳое, ки дар доира “Шаҳри бехатар” дурбин насб нашудааст, суръатёб насб мешаванд.

Насби суръатёб дар ҳолест, ки дар шаҳри Душанбе ва Хоруғ лоиҳаи “Шаҳри бахатар” амал мекунад ва он дар роҳҳо қоидавайронкунии ронандагонро аксбардорӣ карда, дар як пойгоҳи муайян ҷамъоварӣ менамояд. Дар асоси акси қоидавайронкуниҳо ронандагон ҷарима мешаванд.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон тобистони соли 2023 аз ҳолатҳои зиёди қонунушиканӣ зимни идораи нақлиёт бо рақамҳои қалбакӣ, бе рақами қайди давлатӣ, итоат накардан ба талаботи қоидаи ҳаракат нигаронӣ карда, ҷиҳати тоза намудани сафи ҳайати шахсии БДА супориш дода буд, ки тамоми кормандони он аз аттестатсия гузаронида шаванд.

Дар пайи ин, Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки 30 дарсади кормандони БДА ихтисор карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, аксари сокинони кишвар кам кардани теъдоди кормандони БДА-ро  истиқбол карданд ва гуфтанд, он ба фоидаи кор аст. Ба ақидаи онҳо, ин ҳам ба кам шудани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидат мекунад ва ҳам имкон медиҳад, ки маоши дигар кормандони ин сохтор бештар шавад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.