“Фурсати донистан”: Хусусиятҳои иштироки намояндаи мақомоти маъмури дар мурофиаи маъмури дар суд кадомҳоянд?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи  хусусиятҳои иштироки намояндаи  мақомоти маъмури дар мурофиаи маъмури дар судро баррасӣ карданд. Дар ибтидои барнома ба шунавандагон маълумот […]

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи  хусусиятҳои иштироки намояндаи  мақомоти маъмури дар мурофиаи маъмури дар судро баррасӣ карданд.

Дар ибтидои барнома ба шунавандагон маълумот диҳед, ки агар шаҳрванд санади маъмурии мақомоти маъмуриро мавриди баҳс қарор диҳад, ин мақоми маъмурӣ барои иштирок дар суд ҷалб карда мешавад ё не?

Мувофиқи Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар  шаҳрванд ё ташкилот дар суд санади маъмуриро мавриди баҳс қаррор диҳад, пас мақомоти маъмурие, ки санади маъмуриро қабул кардааст, дар суд иштирок менамояд.

Дар мурофиаи расмиёти маъмури дар суд ба ғайр аз аризадиҳанда, мақомоти маъмурие, ки санади меъёрии  ҳуқуқиро қабул кардааст  ё  ягон амалеро анҷом додааст, ки боиси оқибатҳои   мегардад, иштирок мекунад.

Мувофиқи моддаи 119 Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд то ба анҷом расидани мурофиаи расмиёти маъмури  ҳақ дорад шахсонеро, ки қарори суд ба манфиатҳои онҳо метавонад дахлдор бошад, дар бораи оғози мурофиаи маъмури огоҳ намояд ва онҳоро ба сифати шахсони сеюм ҷалб кунад. Дар хусуси ҷалб намудани шахси сеюм суд таъинот мебарорад.

 

Агар шаҳрванд ба суд бо даъво оиди беэътибор донистани санади маъмурӣ муроҷиат намояд, ӯҳдадории исбот ба зиммаи кӣ мебошад, аризадиҳанда ё мақомоти маъмурӣ?

Мувофиқи моддаи 120 Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвогар ӯҳдадор аст даъвои худро асоснок намояд ва далелҳои дахлдор пешниҳод кунад. Ҷавобгар ӯҳдадор аст эродҳои худро асоснок намояд ва далелои дахлдор пешниҳод кунад.

Ӯҳдадории исбот дар сурати пешниҳод гардидани даъво оиди беэтибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади  ҳуқуқии  маъмури ба зиммаи ҷавобгар, яъне мақомоти маъмурие, ки санади маъмуриро қабул кардааст,  вогузор мегардад.

 

Оё мақомоти маъмурӣ ӯҳдадор ҳаст, ки ба суд иттилоот ё далелҳоро пешниҳод намояд? Кодекси расмиёти маъмурии ҶТ оиди ин ҳолат чигуна  муқарарот пешбинӣ  намудааст?

Дар моддаи 123 Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадории мақомоти маъмури оид ба пешниҳоди иттилоот ба суд пешбинӣ шудааст. Мақомоти маъмури ӯҳдадоранд бо талаби суд ҳуҷҷатҳо ва дигар иттилооти барои барраси ва ҳалли парванда заруриро ба суд пешниҳод кунанд.

Зимнан қайд менамоем, ки мақомоти маъмури метавонад оид ба рад намудан аз пешниҳоди иттилооти дорои сирри давлати, тиҷорати ё шахси арз намояд, агар ин ба амнияти давлати ё ҷамъияти ё ки ба манфиати қонунии шахсони алоҳида таҳдид кунад.

Судя бо дархости тараф метавонад оид ба қонуни будани ради мақомоти маъмури аз пешниҳоди иттилоот таъинот rабул кунад. Дар сурати аз ҷониби суд ғайриқонуни эътироф гардидани ради пешниҳоди иттилоот мақомоти маъмури ӯҳдадор аст  ҳуҷҷатҳо ё дигар иттилооти дахлдорро пешниҳод намояд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.