Барномаи “Ислоҳнигорӣ” то Наврӯз роҳандозӣ мешавад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Барномаи “Ислоҳнигорӣ”, ки калимаҳои тоҷикии дар барномаи “Microsoft Word” нодуруст навиштаро ба таври худкор ислоҳ мекунад, то ҷашни Наврӯз роҳандозӣ мешавад. Дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар ҳудуди 62 ҳазор калима китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” таҳия мешавад ва пас аз чопи он барномаи мазкур ба кор шурӯъ мекунад.

“Дар барномаи компютерии “Ислоҳнигорӣ” беш аз 2 млн 200 ҳазор калимаи тоҷикӣ ҷойгир шудааст ва пас аз роҳандозӣ шудан бисёр мушкилоти навишти электронии моро бартараф мекунад”, – гуфт Муҳаммадҷонзода.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот гуфт, ки “пешбинӣ мешавад то ҷашни байналмилалии Наврӯз китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” ва дар асоси он барномаи “Ислоҳнигорӣ” дастраси ҳамагон гарданд”

Бояд гуфт, ки Олимҷон Муҳаммадҷонзода дар нишасти матбуотии ду соли пеш дар бораи таҳияи барномаи “Ислоҳнигорӣ” иттилоъ дода буд. Соли 2022 гуфта мешуд, ки ин барнома дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон – 5-уми октябри соли 2022 ба кор шурӯъ мекунад.

“Мутаассифона, дар системаи компютерии имрӯза чанд ҳарфи тоҷикии мо нест. Вақте мо ба забони русӣ ё англисӣ ягон матнро ҳуруфчинӣ мекунем, агар ғалат бошад, шакли дурусташ пешниҳод мегардад. Ҳангоми навиштани матни тоҷикӣ чунин имконият ҳоло нест. Мо инро барномаи “Ислоҳнигорӣ” меномем ва баъди таҳияи ин барнома камбудии ҷойдошта бартараф мешавад”, – гуфта буд Олимҷон Муҳаммадҷонзода.

Дар сурати роҳандозӣ шудани барномаи мазкур, дар барномаи “Microsoft Word” ё дигар барномаҳои компютерие, ки матн навишта мешавад, агар калимаи тоҷикӣ ғалат навишта шавад, барнома ба таври худкор дар зери он хати сурх мекашад ва шакли дурусти онро пешниҳод мекунад.

Ин барномаро дар забони русӣ “Правописание” меноманд ва ҳоло онҳое, ки бо забони русӣ кор мекунанд, аз ин барнома зиёд истифода мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз чанд сол пеш бархе фарҳангиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулин, аз ҷумла Кумитаи забон ва ислоҳот пешниҳод карда буданд, ки чунин як барномаро роҳандозӣ кунанд, то истифодабарандагони технологияҳои иттилоотӣ, махсусан онҳое, ки ба навиштани матн дар компютер сару кор доранд, тавонанд, шакли дурусту ягонаи калимаҳои тоҷикиро ба кор баранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...