Барномаи озуқаи СММ тақсими ғизо дар Ғаззаро қатъ кард

Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ эълом кард, ки тақсими маҳсулоти ғизоӣ дар навори Ғаззаро қатъ кардааст. Раҳбари барнома Синди Маккейн гуфт, ин тасмим дар пайи ғоратгариҳо ва ҳамлаи сокинони маҳаллӣ ба кормандони созмон гирифта шуд. Дар изҳороти ӯ гуфта шудааст, гуруҳи одамони гурусна рӯзи якшанбеи гузашта дар гузаргоҳи "Водии Ғазза" мошинҳои боркашеро, ки ба гурезаҳо ғизо […]

centralasian.org

Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ эълом кард, ки тақсими маҳсулоти ғизоӣ дар навори Ғаззаро қатъ кардааст.

Раҳбари барнома Синди Маккейн гуфт, ин тасмим дар пайи ғоратгариҳо ва ҳамлаи сокинони маҳаллӣ ба кормандони созмон гирифта шуд.

Дар изҳороти ӯ гуфта шудааст, гуруҳи одамони гурусна рӯзи якшанбеи гузашта дар гузаргоҳи "Водии Ғазза" мошинҳои боркашеро, ки ба гурезаҳо ғизо мебурданд, иҳота карда, мехостанд ғорат кунанд. Рӯзи душанбе низ чандин мошинеро, ки ба минтақаи шимолӣ ғизо мебурданд, боз дошта, ғорат карданд".

Ба гуфтаи Маккейн, созмон дар ин ҳолатҳо наметавонад амнияти кормандони худ ва онҳоеро, ки барои гирифтани ғизои бепул меоянд, таъмин кунад ва бинобар ин, тасмим гирифта шуд, ки тақсими маҳсулоти ғизоӣ дар Ғазза бас шавад.

Дар созмон гуфтаанд, роҳҳои ҳалли ин мушкил ва аз саргирии тақсими ғизоро дар навор ҷустуҷӯ доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.