Минниханов ба Эмомалӣ Раҳмон ордени “Дуслик” тақдим кард

Дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукӯҳ президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ-ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) сарфароз гардонда шуд. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷаста дар рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Тотористон ва таҳкими дӯстию тафоҳум миёни мардумон бо […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукӯҳ президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ-ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) сарфароз гардонда шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷаста дар рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Тотористон ва таҳкими дӯстию тафоҳум миёни мардумон бо ин мукофот қадрдонӣ шудааст.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба президенти Ҷумҳурии Тотористон барои чунин қардшиносии олӣ арзи сипос намуда, ин мукофоти олиро баҳои арзанда ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донист.

Зимни суханронӣ ба ин муносибат Эмомалӣ Раҳмон аз имкону захираҳои фаровон барои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Тотористон ёдовар шуда, ҳавасмандии Тоҷикистонро ба истифодаи пурсамар аз онҳо таъкид дошт.

Хотиррасон гардид, ки мардуми Тоҷикистон бо Тотористон робитаҳои судманди ҳамкорӣ дорад ва дар ин зимн барои муҳайёсозии заминаҳои хуби таҳсилотӣ ба донишҷӯёни сершумори тоҷик дар ин минтақа арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.

Қаблан дар музокироти ҳайатҳои расмии кишварҳо таъкид шуд, ки Русия шарики стратегӣ ва ҳампаймони Тоҷикистон буда, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо як ҷузъи муҳими муносибатҳои ду кишварро ташкил медиҳад.

Тавре зикр гардид, ҳоло беш аз 80 субъекти федералии Русия бо Тоҷикистон робитаҳои мустақим доранд.

Зимни гуфтушунид таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Тотористон манфиатдор аст. Аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, ба мисли металлургия, саноати химия, сабук, хурокворӣ ва дорусозӣ ҳамчун самтҳои дорои дурнамои судбахш номида шуд.

Ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судовари энергетика, истихроҷи маъданҳо ва нафту газ, сохтмон ва кишоварзӣ, инчунин таъсиси марказҳои муштараки савдои яклухт ва логистикӣ дар Тоҷикистон ва Тотористон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Гуфта мешавад, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва сайёҳӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.