Дар Тоҷикистон таҳсил дар синфи 10 ва 11 ҳатмӣ шуд

Дар асоси тағйироте, ки ду рӯз пеш ба қонун “Дар бораи маориф” ворид шуд, таҳсили хонандагон дар синфҳои 10 ва 11 (таҳсилоти миёнаи умумӣ) ҳатмӣ гардид. Дар сурати қатъи таҳсил, бояд омӯзишро дар колеҷу техникумҳо идома дод. Қаблан танҳо таҳсили ибтидоӣ (синфи 1 то 4) ва умумӣ (сифни 5 то 9) барои хонандагони тоҷик ҳатмӣ […]

Asia-Plus

Дар асоси тағйироте, ки ду рӯз пеш ба қонун “Дар бораи маориф” ворид шуд, таҳсили хонандагон дар синфҳои 10 ва 11 (таҳсилоти миёнаи умумӣ) ҳатмӣ гардид. Дар сурати қатъи таҳсил, бояд омӯзишро дар колеҷу техникумҳо идома дод.

Қаблан танҳо таҳсили ибтидоӣ (синфи 1 то 4) ва умумӣ (сифни 5 то 9) барои хонандагони тоҷик ҳатмӣ буд ва онҳо метавонистанд баъди хатми синфи 9 дигар қатъи таҳсил кунанд.

Тағйироти нав ба қонун рӯзи 20-уми феврал аз сӯи вакилони парлумони кишвар қабул шуд.

Бо мошин ба мактаб омадан манъ шуд

“Садои мардум”, нашрияи расмии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз қавли Зариф Ализода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи ваколатдори президент дар парлумон навиштааст, ки “лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади фарогирии шаҳрвандон ба таълими миёнаи умумӣ таҳия гардидааст”.

Дар асоси тағйирот ҳозир шудан ба мактаб ба воситаҳои нақлиёт ҳам манъ шуд. Дар қонуни қаблӣ чунин набуд.

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи қонун дар назди вакилон гуфтааст, "ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ барои баланд бардоштани имкониятҳои низоми маориф ва раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунад".

Фаро гирифтани духтарон ба таҳсил

Масъалаи тарки мактаб кардани хонандагон, махсусан духтарон баъди хатми синфи 9 ҳамвора доғ аст. Коршиносон нигаронӣ мекунанд, ки маҳз дар ин раванд аксар духтарон аз мактаб берун мемонанд.

Аз ҷумла, Артур ван Дизен, мудири Бунёди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ гуфта буд,  “баъди хатми синфи 9 таҳсил дар Тоҷикистон дигар ҳатмӣ нест. 86 дарсади писарон таҳсили ғайриҳатмиро идома медиҳанд. Аз миёни духтарон танҳо 68 дарсад чунин имкониятро доранд. Ин таносуб миёни писарон ва духтарон бисёр калон аст ва ниёз ба беҳбуд дорад”. 

Ба иттилои вазир, бо ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани 34 ҳазору 200 хонанда ҳалли худро меёбад.

Ӯ гуфт, дар сурати идома надодани таҳсилот дар мактаб колеҷу техникумҳо “барои ҷалби хонандагон ихтисосҳои барои рушди иқтисодиёти миллӣ зарурро пешниҳод менамоянд”.

“Дар натиҷа, масъалаи аз таҳсил дур мондани ноболиғон ҳалли худро ёфта, пеши роҳи болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, ки дар ҷумҳурӣ соли 2023-юм 474 ададро ташкил медиҳад, гирифта мешавад. …Аз 551 нафар ноболиғи дар ҳолати содирнамоии ҷиноят иштирокдошта 436 нафари онҳо (79,1 фоиз) ноболиғоне мебошанд, ки ба кор ва таҳсил машғул нестанд”, – шаҳр додааст вазири маориф ва илм.

Дигар аз мактаб хориҷ намекунанд

Насиба Содиқӣ, вакили парлумон бо ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонун баромад карда гуфтаст, ки минбаъд хонандагон аз синфи 10 ва 11 барои кирдорашон аз мактаб хориҷ карда намешаванд, ки “ин ҳам барои зиёд намудани масъулияти муассисаҳои таълимӣ ва волидайн баҳри дур нашудани хонандагон аз таҳсил равона карда шудааст”.

Бояд гуфт, ки таҳсилоти умумӣ дар Тоҷикистон тавассути мактабҳо дар се зина: ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад. Қаблан, ду зинаи таҳсил ҳатмӣ ва зинаи сеюм тибқи майлу хоҳиш ва қобилияту завқи хонандҳагон сурат мегирифт.

Беҳбудӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ

Сумангул Тағойзода, вакили дигари парлумон гуфтааст, таҳсили ҳатмӣ дар синфҳои 10 ва 11 ё дар колеҷу техникумҳо ба хонандагон имон медиҳад, ки соҳиби шаҳодатнома оид ба доштани касб шаванд, ки ин барои рафтани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ беҳбудӣ меорад.

“Вуҷуди шаҳодатнома дарҳоро ба касбҳое, ки таълиму тарбияи махсусро талаб мекунанд ва одатан маоши ­баландро пешниҳод мекунанд, мекушояд. Малакаҳо ва донишҳои касбӣ, ки бо шаҳодатнома тасдиқ шудаанд, ба мутобиқшавӣ осонтар дар муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии нав мусоидат мекунанд, зеро муҳоҷир метавонад осонтар бо ҳамкорон муошират кунад ва дар ҷомеаи касбӣ интег­ратсия шавад”, – гуфтааст ӯ.

Номбурда аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дархост кардааст, ки комбинатҳои таълими истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурро барқарор кунанд.

Нобаробарии гендериро аз байн мебарад

Равшан Раҷабзода, вакили дигари парлумон дар шарҳи тағйиру иловаҳо гуфтааст, “ба зинаи сеюми ҳатмии таҳсил фаро гирифтани хонандагон, хусусан духтарон, нобаробарии гендериро низ аз байн хоҳад бурд”.

Ҳоло дар Тоҷикистон назди 4 ҳазор мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъол аст, ки дар он бештар аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунад. Масъалаи сатҳи сифати таълиму тарбия дар ин макабҳо борҳо мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Мунаққидони ҳукумат маоши кам ва фасод дар мактабҳоро сабаби тарки соҳа кардани омӯзорон ва ҳамин тариқ, паст гардидани сифати таълиму тарбият медонанд. Вале мақомот на ҳамеша ин танқидҳоро қабул доранд ва борҳо гуфтаанд, сифати таълим дар мактабҳо беҳтар шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.