Намояндаи Толибон гуфт, тамоми кӯшишро мекунанд, то миёни онҳо ва ҳамсоякишварҳо эътимод вуҷуд дошта бошад

Як намояндаи Толибон* чанд рӯз пештар ва пас аз изҳороти вазири мудофиаи Русия бори дигар таъкид кардааст, ки “амнияти марзӣ миёни Афғонистон бо тамоми кишварҳои ҳаммарз, бахусус Тоҷикистон, таъмин шудааст” ва дар оянда тамоми кӯшишро мекунанд, то эътимод вуҷуд дошта бошад. Ба навиштаи хабаргузории “Тулӯънюз”, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон гуфтааст, “ҳеҷ як ҳамсояи мо […]

Asia-Plus

Як намояндаи Толибон* чанд рӯз пештар ва пас аз изҳороти вазири мудофиаи Русия бори дигар таъкид кардааст, ки “амнияти марзӣ миёни Афғонистон бо тамоми кишварҳои ҳаммарз, бахусус Тоҷикистон, таъмин шудааст” ва дар оянда тамоми кӯшишро мекунанд, то эътимод вуҷуд дошта бошад.

Ба навиштаи хабаргузории “Тулӯънюз”, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон гуфтааст, “ҳеҷ як ҳамсояи мо аз хоки Афғонистон, ба хусус ҳамсояҳои мо, ки дар шимол ҷойгиранд, ба мушкилот дучор нахоҳанд шуд”.

“Имороти Исломӣ тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, ки бо тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳамкорӣ ва равобити хуб барқарор кунад, то миёни онҳо эътимод вуҷуд дошта бошад ва онҳо Афғонистонро хатаре эҳсос накунанд”, – иброз доштааст Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.

Изҳороти намояндаи Толибон дар ҳоле нашр мешавад, ки чанде пештар дар ҷаласаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар Маскави Русия тарҳи таҳкими амнияти марзӣ миёни узви ин созмон бо Афғонистон баррасӣ гардид.

Пас аз он Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, Афғонистонро бузургтарин таҳдид барои минтақа номид ва гуфт, вазъ дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз печида аст.

Шойгу рӯзи 27-уми феврал дар дидор бо мақомоти баландпояи низомии Русия гуфт, қудрати ДОИШ дар як соли ахир 15 дарсад афзоиш ёфтааст.

Илова бар ин, Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, дар “Шашумин нишасти амниятии Афғонистон” дар Бишкек гуфта буд, дар Афғонистон 20 созмони террористӣ бо 23 ҳазор ҷангҷӯ таҳти назорати Толибон ҳузур доранд.

Бояд гуфт, ки пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон дар тобистони соли 2021 аз сӯйи Толибон, ниҳодҳо ва ҷомеаи байнулмилалӣ ва минтақаӣ ҳамвора аз афзоиши гурӯҳҳои терористӣ ва ифротӣ дар хоки ин кишвар нигаронӣ мекунанд ва онро таҳдиди бузурге ба кишварҳои Осиёи Марказӣ медонанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.