Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар аввалин Форуми B5+1

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон аввалин ҳамоиши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико, ки ҷиҳати таҳкими равобити иқтисодӣ ташкил гардида, бо номи Business 5+1 ё Форуми B5+1 муаррифӣ шуд, ҳайати Тоҷикистон низ иштирок намуд. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ дода, таъкид карданд, ки Форуми мазкур ду рӯз идома кард. Ба навиштаи ин ниҳод, Тоҷикистонро […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон аввалин ҳамоиши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико, ки ҷиҳати таҳкими равобити иқтисодӣ ташкил гардида, бо номи Business 5+1 ё Форуми B5+1 муаррифӣ шуд, ҳайати Тоҷикистон низ иштирок намуд.

Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ дода, таъкид карданд, ки Форуми мазкур ду рӯз идома кард.

Ба навиштаи ин ниҳод, Тоҷикистонро дар ин Форум Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Баҳриддин Сироҷиддинзода, директории Агентии содирот, Зиёдулло Салимзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар шахсони расмиву намояндагони бахши хусусӣ намояндагӣ карданд.

Дар ин Форум, ки бори аввал баргузор гардид, роҳу усулҳои минбаъдаи таҳкими равобити иқтисодии кишварҳои минтақа, ИМА ва бахши хусусӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд гуфт, ки Форуми мазкур дар асоси эъломияи Ню-Йорк, ки дар Саммити президентҳои С5+1 дар моҳи сентябри соли 2023 оид ба таҳкими равобити иқтисодӣ мийни Иёлоти Муттаҳида Амрико ва Осиёи Марказӣ тавассути эҷоди як платформаи иловагии таҳти роҳбарии бахши хусусӣ қабул шуда буд, баргузор гардид.

Форуми мазкур раванди муколамаро байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ дар формати Business 5+1 роҳандозӣ намуда, ҳадафи он иҷрои ду ӯҳдадориҳои калидии Эъломия мебошад: суръат бахшидан ба ҳамкориҳо ва пайвастагии минтақавӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ барои тавсеаи сармоягузории тиҷорат ва бахши хусусии ИМА.

Ҳамзамон, ин платформа ба давлатҳои аъзо, соҳибкорон ва ҷомеаи коршиносон имкон медиҳад, ки барои эҷоди Осиёи Марказии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол ва фарогир, ки ба бозорҳои ҷаҳонӣ пайваст аст, тадбирҳои амалӣ андешанд.

Форуми B5+1 барои ҷомеаи тиҷоратии миллӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати рушди ояндаи ҳамгирошуда ва иқтисоди фарогири Осиёи Марказӣ мусоид буда, ба ҳукуматҳо имкон медиҳад, ки аз машваратҳои бахши хусусӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои иқтисодии С5+1 истифода кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.