Оғози таътили баҳорӣ маълум шуд. Хонандагони мактаб дар Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Дар Тоҷикистон таътили баҳории мактаббачагон аз 21-уми март оғоз шуда, то 31-уми март идома мекунад. Дар ин бора ба  “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, рӯзи охирини дарс 20-ум март буда, аз 21-уми март хонандагон ба таътили баҳорӣ мебароянд. Дарсҳо аз 1-уми апрел барои ҳамаи хонандагон оғоз меёбанд. Дар Вазорати […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон таътили баҳории мактаббачагон аз 21-уми март оғоз шуда, то 31-уми март идома мекунад. Дар ин бора ба  “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи охирини дарс 20-ум март буда, аз 21-уми март хонандагон ба таътили баҳорӣ мебароянд.

Дарсҳо аз 1-уми апрел барои ҳамаи хонандагон оғоз меёбанд.

Дар Вазорати маориф ҳамчунин зикр намуданд, ки донишҷӯён ва дигар кормандони соҳаи маориф аз 21 то 25-уми март истироҳат карда, аз 26-уми март ба кор ва дарс мебароянд.

Хотиррасон мекунем, ки соли гузашта бо сабаби тамдиди истироҳати зимистона, таътили баҳории мактаббачагон дар ҷумҳурӣ кӯтоҳ карда шуда буд.

Мактаббачагон аз 20 то 26-уми март истироҳат намуда, 27-уми март машғулият оғоз ёфта буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.