Дар мунтахаби олимпии Тоҷикистон 5 легионери нав бозӣ мекунанд

Мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев тамрину машқҳои омодагиро ба даври финалии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мешавад, оғоз кард. Сармураббии мунтахаби олимпӣ Мубин Эргашев ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ 26 нафар футболбозонро даъват кард. Дар ин бора дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода мешавад. […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии Мубин Эргашев тамрину машқҳои омодагиро ба даври финалии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мешавад, оғоз кард.

Сармураббии мунтахаби олимпӣ Мубин Эргашев ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ 26 нафар футболбозонро даъват кард. Дар ин бора дар сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода мешавад.

Ба ҳайати даста чанд бозигари нав шомил шуданд, аз ҷумла ҳимоятгарон Денис Першин («Арсенал-2», Русия), Даниил Алимов («Динамо» Владивосток, Русия), нимҳимоятгарон Ансор Ҳабибов («Арсенал», Русия), Ҷомӣ Назаров («CP Sarria», Испания), ҳамлагарон Меҳрон Мадаминов («Истиқлол») ва Одилҷони Анӯшервонӣ («TУС Диткерхен», Олмон).

Гуфта мешавад, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Ветнам ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин вохӯриҳо рӯзҳои 20 ва 23 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои то 23-сола тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо мунтахабҳои Арабистони Саудӣ (16 апрел), Ироқ (19 апрел) ва Тайланд (22 апрел) бозӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, мунтахаби Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади тамринии Давҳа машқҳои охирини худро анҷом дод.

Имрӯз ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон боз панҷ бозигар омаданд: ҳимоятгарон Зоир Ҷӯрабоев ва Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ») ва ҳамлагар Шаҳром Самиев («Андиҷон»), ки дар чемпионати Ӯзбекистон бозӣ мекунанд, инчунин нимҳимоятгари тими ССКА-1948-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев ва бозигари тими «Самтредия»-и Гурҷистон Муродалӣ Ақназаров.

Ҳайати комили мунтахаби Тоҷикистон дар Риёз ҷамъ мешавад. Онҷо ҳимоятгар Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон) ва нимҳимоятгар Руслан Хайлоев («Тюмен»-и Русия) ба даста мепайванданд.

Шоми 18 март тими миллии Тоҷикистон барои анҷоми бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 бо дастаи Арабистони Саудӣ, ки рӯзи 21 март баргузор мешавад, ба Риёз меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.