Кумитаи тафтишоти Русия аз боздошти боз як гумонбари ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дод

Дар Русия як нафари дигар бо гумони робита ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” боздошт шудааст. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти Русия хабар медиҳад. Расонаи Meduza менависад, ки тибқи иттилои Кумитаи тафтишот, боздоштшуда “дар маблағгузории терроризм ширкат кардааст”. Дар гузориши Кумитаи тафтишот ҳамчунин гуфта мешавад, ки “дар натиҷаи кор бо террористҳои боздоштшуда далели иртиботи […]

Asia-Plus

Дар Русия як нафари дигар бо гумони робита ба ҳамлаи террористӣ дар “Крокус Сити Ҳолл” боздошт шудааст. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти Русия хабар медиҳад.

Расонаи Meduza менависад, ки тибқи иттилои Кумитаи тафтишот, боздоштшуда “дар маблағгузории терроризм ширкат кардааст”.

Дар гузориши Кумитаи тафтишот ҳамчунин гуфта мешавад, ки “дар натиҷаи кор бо террористҳои боздоштшуда далели иртиботи онҳо бо миллатгароёни украинӣ ба даст оварда шудааст”.

“Тафтишот дар ихтиёри худ маълумотро тасдиқшудае дорад, ки омилони ҳамлаи террористӣ аз Украина пули зиёд ва криптовалюта дарёфт кардаанд, ки дар омодасозии ҷиноят истифода шудааст”, – гуфта мешавад дар изҳорот.

Ин ниҳод ҷузъиёти дигаре надодааст.

Пештар аз ин, 23-юми март, Хадамоти бехатарии федеролӣ аз боздошти 11 нафар дар робита ба ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” хабар дода буд.

Аз ҷумла, чор нафар – Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба он гумонбаранд, ки бевосита дар “Крокус Сити Ҳолл” тирпарронӣ карданд. Ҳар чор нафари онҳо 24-уми март бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Басманний барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.

Ҳамин додгоҳ рӯзи 25-уми март се нафари дигар – Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов ҳам дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” ба ҳабси пешакӣ гирифт. Онҳо барои дастрас кардани мошин ва пешниҳоди ҷойи зист ба гумонбарони ҳамла муттаҳам мешавад.

Нафари ҳаштум Қосимов Алишер Ҳотамович, сокини 32-солаи Қирғизистон, 26-уми март аз ҷониби додгоҳи ноҳияи Басманний то охири моҳи май ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба он муттаҳам шуд, ки ба Фаридуни Шамсиддин манзилеро ба иҷора додааст.

Бояд гуфт, ҳамаи онҳо дар як шароити мармуз боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав шоми рӯзи 22-юми март рух дод. Чор нафари мусаллаҳ вориди ин бино шуда, ба сӯйи одамон тир холӣ карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар пайи ин ҳамла то ин лаҳза 140 нафар ҷон бохта, беш аз 180 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.