Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе бинои нави Сафорати Ӯзбекистонро ифтитоҳ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ифтитоҳи бинои намояндагии дипломатӣ дар чаҳорчӯби сафари раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сурат гирифт.

“Нахуст, сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави сафорати Ӯзбекистон дар шаҳри Душанберо расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сипас, ба ифтихори ифтитоҳи бинои сафорат ва ташрифи сарони давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон садо дод”, – навишт хадамоти матбуот.

Бинои нав дар ноҳияи Зарафшони пойтахт, дар наздикии сафорати ИМА дар Душанбе воқеъ аст.

Сарони давлатҳо дар китоби меҳмонон соядаст гузошта, ба таҳкими дӯстии байни кишварҳо изҳори умедворӣ карданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин бинои нави сафорат аст ва бинои қаблии он дар хиёбони Рӯдакӣ, дар паси Кохи Ваҳдат қарор дошт.

Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ байни ҷумҳуриҳо 22-юми октябри соли 1992 барқарор шудаанд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе Сафорати Ӯзбекистон ва дар шаҳри Тошканд сафорати Тоҷикистон фаъолият доранд.

Ёдовар мешавем, ки Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дирӯз бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд, бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва шоми гузашта онҳо дар “Шоми дӯстӣ” ширкат варзиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...