Бинои нави Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе бинои нави Сафорати Ӯзбекистонро ифтитоҳ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, ифтитоҳи бинои намояндагии дипломатӣ дар чаҳорчӯби сафари раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сурат гирифт. “Нахуст, сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо буридани […]

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев, раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Душанбе бинои нави Сафорати Ӯзбекистонро ифтитоҳ карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ифтитоҳи бинои намояндагии дипломатӣ дар чаҳорчӯби сафари раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сурат гирифт.

“Нахуст, сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави сафорати Ӯзбекистон дар шаҳри Душанберо расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сипас, ба ифтихори ифтитоҳи бинои сафорат ва ташрифи сарони давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон садо дод”, – навишт хадамоти матбуот.

Бинои нав дар ноҳияи Зарафшони пойтахт, дар наздикии сафорати ИМА дар Душанбе воқеъ аст.

Сарони давлатҳо дар китоби меҳмонон соядаст гузошта, ба таҳкими дӯстии байни кишварҳо изҳори умедворӣ карданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки ин бинои нави сафорат аст ва бинои қаблии он дар хиёбони Рӯдакӣ, дар паси Кохи Ваҳдат қарор дошт.

Бояд гуфт, ки муносибатҳои дипломатӣ байни ҷумҳуриҳо 22-юми октябри соли 1992 барқарор шудаанд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе Сафорати Ӯзбекистон ва дар шаҳри Тошканд сафорати Тоҷикистон фаъолият доранд.

Ёдовар мешавем, ки Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон дирӯз бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон шуд, бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард ва шоми гузашта онҳо дар “Шоми дӯстӣ” ширкат варзиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.